Пӯшида нест, ки нигориши таърихи паёмбарӣ зимни умуми он чӣ таърих номида мешавад, ворид аст. Дар мавзӯи собиқ баён гардида буд, ки таърихи паёмбарӣ оғозбахши таърихи умумӣ буда, ба пайгирии рӯйдод ва воқеаҳое, ки аз он пеш гузаштаасту ё баъд аз он рух додааст, ташвиқгар ёд шудааст.
Вале суол ба миён меояд, ки нигорандагони таърихи паёмбарӣ дар нигоришу таълифи он ба кадом услуб такя кардаанд?
Бешак, услуби мӯътамади онон дар ин кор пайравӣ аз ҳамон услубе буд, ки имрӯз бо номи услуби мавзӯӣ дар нигориши таърих шинохта мешавад, албатта, тибқи қоидаҳои илмие, ки ба он ишора хоҳад шуд.
Ин маънои онро дорад, ки нигорандагони таърихи паёмбарӣ ва донишмандони ин соҳа ягона вазифае, ки нисбат ба рӯйдодҳои таърихи паёмбарӣ пеши худ гузошта буданд, ин сабт намудани таърихи собитшуда ба шумор мерафт. Субути он бо ченаки илмии қоидаҳои мутааллиқ ба санаду матни илми ҳадис ва низ қоидаҳои ба ровиёну тарҷумаи ҳоли онон тааллуқ доштаи илми ҷурҳу таъдил баркашида шудааст. Вақте ин қоидаҳои илмӣ онҳоро ба як хабар ва ё ҳодисае мерасонид, назди он таваққуф мекарданд ва бидуни он ки тасаввури фикрӣ ва ё таъсироти рӯҳие асаре гузорад ва ба бозӣ гирад, онро ба нигоштан мепардохтанд.
Ба пиндори онҳо ҳодисаи таърихие, ки ба воситаи ин гуна қоидаҳои илмии хеле дақиқ ба даст омадааст, ҳақиқати муқаддасе буда, бояд пеши назарҳо ва дар замирҳо бо ҳамон шакле, ки дорад, таҷаллӣ ёбад. Инчунин аз ҷумлаи хиёнати нобахшиданӣ мепиндоштанд, ки шахс аз таҳлилоти шахсӣ ва рағбатҳои нафсонии худ, ки бештар инъикоси муҳит ва самараи нажодгароӣ мебошад, ҳодисаҳои таърихиро ба таври дилхоҳи худ ба чапу рост кашонад.
Зимни чунин эҳтиёт бо қоидаҳои илмӣ ва бар асоси ҳамин нигоҳи мавзӯӣ нисбат ба таърих ва ҳаводиси он таърихи Паёмбар (с) сар аз таваллуду насабашон то ба айёми кӯдакиву бачагиву наврасӣ, то нишонаҳои фавқулодае, ки дар марҳилаҳои кӯдакӣ ва наврасиашон падид омада буд, то ба замони зуҳур, яъне баъди омадани хабари осмон, то ба ахлоқу сидқу амонаташон, то ба корҳои хориқулода ва мӯъҷизоташон, ки Худованд ба дасташон нишон дод, то ба марҳалаҳои мухталифи даъват, аз сулҳу дифоъ ва мубориза, ки баҳри иҷрои фармудаи Худояшон раҳ паймуданд, то ба аҳкому асосҳои шаръие, ки барояшон дар шакли Қуръон ва ҳадис ваҳй шуда буд, ба замони мо расидааст.
Аз ин маълум мегардад, ки амалияи таърихӣ нисбат ба ин силсилаи таърихи Паёмбар (с) маҳдуд ба он шудааст, ки онро ба таври маҳфузу беосеб зимни эҳтиёти илмие, ки хоссияти тадқиқи нақлро доро мебошад, то мо расонидааст. Тавре дар боло қайд гардид, махсусияти тадқиқи нақл иборат аз таҳқиқи исноду пайваст будани он, таҳқиқи ҳоли ровиёну рӯзгори онон ва соф намудани матн, ё ҳодиса аз он чӣ эҳтимоли вуруд ба онро дорад, мебошад.
Амалияи натиҷабардорӣ, ҳукмбарорӣ ва гирифтани ғояву маонӣ аз он ахбор (албатта, баъд он ки он ба тамом мавриди қабул қарор мегирад) бошад, кори илмии дигарест, ки ба таърих рабте надорад ва набояд ба ҳеҷ ваҷҳ бо он омехта гардад. Зеро он як кори илмии ҷудогонаи алоҳидае мебошад, ки дар навбати худ бар қоидаву услуби дигаре барпо мешавад. Аз хусусияти ин услубу ин қоида аст, ки амалияи натиҷабардорӣ ва ҳукмбарорӣ аз он ҳодисаҳоро зимни қолаби илмие, ки онро аз таъсири ваҳму хаёл ва шаҳвати иродаи нафсӣ, ки онро Вилям Ҷеймс ва амсоли ӯ “иродаи эътиқод” меноманд, дур медорад, ба танзим медарорад.
Аз ҷумлаи ин қавоид қиёси истиқроӣ, қонуни илтизом ва навъҳои гуногуни он, далолатҳо ва гунаҳои он ва ғайра мебошанд.
Мо бо истифода аз ин қоидаҳо аз ҳодисаҳои таърихи паёмбарӣ аҳкоми зиёде баровардем, ки бархе аз онҳо ба масъалаҳои эътиқоду яқин марбутанду бархеи дигар ба қонунгузориву рафтор. Он ҳама натиҷаи ранҷҳои илмии дигарест, ки умедворем асрори амалиеро аз зиндагиномаи комёбтарин шахсияти таърихӣ бармало мегардонад.