Тоҷикистон низоми кор бонкҳо бо системаҳои интиқоли пулии Русияро шадидтар кард ва пешниҳод намуд, ки ин системаҳо дар бонкҳои тоҷикӣ депозит дошта бошанд.
Ҳафтаи гузашта системаи интиқоли пулии “Лидер” аз ҳам пошид ва акнун Бонки миллии Тоҷикистон талаб дорад, ки системаҳои интиқоли пулии Русия кафолати тавоноии пардохташонро дошта бошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба системаҳои интиқоли пулӣ чаҳор роҳи фаолиятро пешниҳод кардааст: дар бонки шарик гузоштани депозит ба миқдори интиқоли якрӯза, суғуртаи интиқолҳо дар ширкатҳо суғуртавии Тоҷикистон, доштани рейтинг дар сатҳи на поёнтар аз ВВВ аз ожонсиҳои сегонаи бузург ё гирифтани кафолат аз бонке, ки чунин рейтинг дорад.
Намояндаи низоми интиқоли пулии «Золотая Корона» гуфтааст, талаботи Тоҷикистонро иҷро кардан мушкил аст, чун ба ин кишвар маблағҳои бузурге интиқол мешаванд. Соли гузашта ин система ба Тоҷикистон 800 миллион доллар интиқол додаст. Тибқи шарти гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон, “Золотая Корона” бояд дар бонкҳои Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиону 800 ҳазор доллар депозит гузорад.
Роготен ҳамчунин гуфтааст рейтинги қарзии Русия поёнтар аз ВВВ мебошад, ки дар натиҷа рейтинги тамоми низомҳои интиқоли пулӣ ва бонкҳои Русия ҳам тибқи он муайян мешавад. Гирифтани кафолате ҳам, ки Тоҷикистон талаб дорад, дар дохили Русия ғайриимкон аст.
Қаблан Бонки марказии Русия иҷозатномаи низоми интиқоли пулии «Лидер»-ро боз хонд. Дар Тоҷикистон ҳам муомилаи интиқоли пулӣ ба воситаи ин низом қатъ шудааст.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соли 2017 ба Тоҷикистон беш аз дувуним миллиард доллар интилқол додаанд, ки наздик ба ними ММД-и кишвар аст.