Рубрики Хабарҳо

Духтари Бозор Собир: Мо аз ҳеҷ касе аз Тоҷикистон ё вобаста бо Тоҷикистон кӯмаке нагирифтаем

Шогуна Собир, духтари шоири тавонои тоҷик Бозор Собир, ки субҳи имрӯз даргузашт, номаеро, ки зоҳиран қабл аз даргузашти шоир ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон навишта буд, нашр кардааст. Тибқи гуфтаи ӯ тамоми сарусадоҳои воситаҳои ахбори омма дар бораи кӯмак ба шоир комилан дурӯғ буда, ҳеҷ кӯмаке ба Бозор Собир нарисадааст.

Дар ҳошияи нома ӯ навиштааст “Раисҷумҳур боз супориш дод! (Ин ишораи ӯ зоҳиран ба супориши раисҷумҳур оиди интиқоли ҷанозаи шоир ба Тоҷикистон аст) Мана аз ин супориш мо чӣ гирифтем! Чун ВАО, ки ахбори пучеро дар бораи падарам бидуни машварат бо мо нашр мекарданд акнун ҷуръат намекунанд ҳақиқатро нашр кунанд, ин номаро инҷо мегузорам.”

Зимни ташаккур аз Эмомалӣ Раҳмон барои супориши кӯмак ба падараш Шогуна Собир навиштааст, “ба шумо, Раисҷумҳури мӯҳтарам ва тамоми онҳое, ки фикр мекунанд он чӣ дар бораи вазъи мо дар расонаҳо навишта шудааст рост мебошад, маълумоти дурӯғ додаанд”.

Дар ин нома, ки бо забони русӣ дар саҳифаи Бозор Собир дар фейсбук нашр шудааст, ҳамчунин омадаст “ҳеҷ кас муваззаф нест ба мо кӯмак кунад. Вале сӯистифода аз мусибати мо барои пахши хабарҳои дурӯғ ҳам номуносиб аст, хоса дар ҳоле ки аз замони бистарӣ шудани падарам дар беморхона ҳеқ кӯмаки молӣ, тиббӣ ягон намуди дигари аз ҳеҷ касе дар Тоҷикистон ё вобаста ба Тоҷикистон, мо дарёфт накардаем”.

“Мо ба намояндаи сафорати Тоҷиикистон дар Вашингтон ва намояндаи Тоҷикистон дар СММ умед баста будем, — омадааст дар нома — вале дар посух аз онҳо пешниҳоди пучи маслиҳат бо ду табибе, ки аслан рабте ба бемории падарам надоранд, гирифтем. Албатта мо он пешниҳодро рад кардем”.

Духтари Бозор Собир навиштааст, хабарҳое ҳам, ки гӯё намояндагони Тоҷикистон бо табибоне дар хориҷӣ Амрико ҳам маслиҳат анҷом додаанд, комилан дурӯғ аст: “Мо бо ҳеҷ табибе дар Олмон, Русия ё кишвари дигаре алоқае надоштем. Таърихи бемории падарам, ки барои маслиҳат бо табибон зарур аст, ба ҳеҷ табибе дар хориҷ аз Амрико фиристода нашудааст”.

Ӯ менависад, ки хоҳишҳои зиёди онҳо барои кӯмак, аз ҷумла маслиҳат бо табиби чинӣ, ки бо бемории камназири шоири тоҷик сару кор доштааст, аз тарафи ин ду намояндаи Тоҷикистон рад шудааст. “Ҳарчанд чанд рӯзи охир имкони интиқоли падарам пайдо шуда буд, ҳеҷ кӯшише барои бурдани ӯ ба хориҷ барои табобат, ки метавонист вазъи ӯро беҳтар созад, сурат нагирифт”.

Шогуна навиштааст “аз замони омадани ин ду намояндаи Тоҷикистон ҳеҷ чизе тағйир наёфт. Онҳо масъули кӯмак буданд, вале танҳо мунтазир буданд ва ҳеҷ коре намекарданд.”

Аз оғози бемории Бозор Собир расонаҳо давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз кӯмаки раисҷумҳур ба шоир ва “супоришҳои қатъи”-и ӯ барои равона кардани тамоми кӯшишҳо ба табобати ӯ ҳарф мезаданд.    

Расонаҳо ҳамчунин аз интиқоли ӯ барои табобат ба Русия хабар дода буданд, аммо шоир дар Сиетли Амрико даргузашт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *