Рубрики Хабарҳо

Даҳҳо мудирони мактабҳои Хатлон аз аттестатсия нагузаштанд

Дар вилояти Хатлон мудирони даҳҳо мактабро “барои мутобиқат накардан ба вазифаи ишғолкарда” аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Мудирони ин мактабҳо аз “ғалбери” вазорати маориф нагузаштаанд, чун зимни аттестатсия ва ё санҷиши дониш, натавонистаанд, ба суолҳо посухи дуруст бидиҳанд.

Имтиҳони мутобиқат ба вазифаи раҳбариро вазорати маориф аз моҳи октябри соли гузашта оғоз кард ва натиҷаи имтиҳонҳоро чанде пеш ба мудирони мактабҳо расонидааст. Имтиҳонро тамоми 1300 мудир супурдаанд, то нишон бидиҳанд, ки дар воқеъ сазовори раҳбарии муассисае ҳастанд, дар он садҳо кӯдак таҳсил мекунанд ва заминаро барои гирифтани донишу хубу зиндагии хуб дар онҷо мегузоранд.

Бар асоси оморе, ки дар шӯъбаи маорифи вилоят дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, аз миёни 1300 мудир, 28 нафар дар аттестатсия ноком монданд ва барои ҳамин аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Бештар аз 1150 дар вазифаҳояшон мондаанд ва 132 мудири мактаб бо вуҷуди муввафақона супурдани имтиҳон бояд то охири соли таҳсил мақомашонро тарк кунанд, зеро ба синни нафақа расидаанд.

Сафармуҳаммад Алимардонов, як масъули идораи маориф ва илми вилояти Хатлон ва узви Комиссияи аттестатсионӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни аттестатсия онҳо муайян мекунанд, ки то куҷо савияи мудир ба донишҳои имрӯза мувофиқат мекунад.

Суолҳо душвор набуд, вале надонистанд

«Суолҳо душвор набуд, вале ҳама ба онҳо ҷавоб надоданд. Суолҳо дар бораи санъат, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва соҳаи маориф буд, ки бояд посух медоданд ва савияи донишӣ онҳо муайян мешуд» — гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Аттестатсияи мудирони мактабҳо на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам гузаронида мешавад. Чунин аттестатсия охири соли гузашта дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор сурат гирифт ва ба гуфтаи вазорати маориф, аттестатсия маълум кард, ки “дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ камтаҷриба роҳбарӣ мекунан. Фаъолияти бархе аз роҳбарон ба талабот ҷавобгӯ нест ва бархе солҳои тӯлонӣ курсиро иваз накардаанд».

Аммо мушкили умда дар соҳаи маорифи Тоҷикистонро музди кам, маблағгузории нокофӣ ва таъмини номуносиби мактабҳо медонанд. Азбаски музди омӯзгорон кам аст, бисёре аз муаллимони ботаҷриба аз кор дар мактабҳои миёна даст мекашанд ва ба машғули тиҷорат, ё кори дигар мешавад.

Дар Тоҷикистон музди миёнаи кори муаллим бештар аз 700 сомонӣ, ё камтар аз 100 долларро ташкил медиҳад. Дар гузашта ҳолатҳое ҳам будаанд, ки баъзе аз мудирони мактабҳо баъди шикоят аз вазъи риққатбори мактабашон, аз кор ронда шудаанд.

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *