Имрӯз, 3 май президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Намангон аз Маркази хидматрасонии давлатии ин шаҳр дидан кард.
Президенти Ӯзбекистон бо шароитҳои офаридашуда дар маркази хидматрасонии давлатӣ шинос шуда, тарзи хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон, сифат ва самаранокии корҳоро мушоҳида намудааст. Ӯ зимни сӯҳбат бо кормандони ин марказ гуфтааст, ки бояд номгӯи хидматрасониҳои давлатиро дар марказ зиёд кард, то мардум кӯча ба кӯча барои чанд имзо ё ҳуҷҷате идораҳои давлатиро кофта нагарданд.
Тавре дар расонаҳои ӯзбекӣ нашр шудааст, Шавкат Мирзиёев гуфтааст, бояд ҳар идораи давлатӣ, аз Хадамоти андозситонӣ то кумитаву вазоратҳо, бояд тарзи электронии қабули ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монанд ва шаҳрванд бидуни овора шудан ба идорае, кори худро бо тарзи электронӣ ҳал кунад. Ҳамаи идораҳои давлатӣ ҳамин хел, бояд дар як Маркази хидматрасонӣ мизҳои худро дошта бошанд. То мардум бидуни фасоду пора, аз якҷо тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро дастрас кунад.
«Дар ин ҳолат кори ҳукумат шаффоф гардида, вақти мардум беҳуда зойеъ намешавад. Мардум ба мо бовар кардааст. Масъулияти мо осон кардани шарту шароити зиндагии мардум аст.» — таъкид кардааст Мирзиёев.
Ӯ афзудааст: «Ҳадафи асосии мо ба мардум муҳайё сохтани зиндагии осоишта ва таъмини ҳуқуқи онҳост. Бас аст бетарафӣ, бояд корупсия ва фасодро решакан кунем, то ҳадде, ки як шаҳрванди оддӣ барои ҳуҷҷате фикр накунад, ки кораш бидуни маблағ ва пора ҳал намешавад. Ба ранҷ додани мардум бояд нуқта гузошта шавад»
Маврид ба зикр аст, ки дар Маркази хидматрасонии давлатии шаҳри Намангон зиёда аз 60 намуди хидматрасонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар марказ мизи қабули аризаи шаҳрвандон ба мақомотҳо, мизи шӯъбаи САҲШ, бақайдгирии шаҳрвандӣ, суғурта, кадастр, иваз намудани иҷозатномаҳои ронандагӣ, нигоҳубини фаврии тиббӣ, филиалҳои бонкҳо, мизи хадамоти андоз, мизи муроҷиат барои дарёфти ҷои кор ва ғайра вуҷуд дорад. Ҳамчунин барои корафтодагон ба ин марказ, ошхона, маркази тиббӣ, боғи истироҳатӣ, утоқи маслиҳати ҳуқуқӣ, ҷойҳои махсуси барҳаво барои интизории навбат, шуъбаи почта ва қабули номаҳо ба роҳ монда шудааст.
Қобили қайд аст, ки чунин таҷриба барои Тоҷикистон як амри зарурӣ аст. Ба таври мисол, дар Тоҷикистон, хусусан барои гирифтани сертификати истифодаи замин, бояд наздик ба 15 масъули ниҳодҳои гуногуни идораҳои давлатӣ имзо гузорад. Як шаҳрванд моҳҳо барои гирифтани ин имзоҳо, аз ин идора ба идораи дигар сарсон мешавад. Ҳол он, ки бо истифодаи чунин таҷриба шаҳрванд метавонад, дар як рӯз, аз як марказ тамоми ин имзоҳоро ба даст орад ва боқӣ саргарми пешрафти зиндагии худ шавад.