Ҳуввияти зиндонии кушташуда дар муассисаи ислоҳии 3/6 воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки дирӯз дар борааш хабар дода будем, маълум шуд. Марҳум Абдусаттор Юлчиев ном дошта, сокини шаҳри Хуҷанд будааст.
Ҳамчунин, манбаъе, ки номи мақтулро ифшо кард, акси муовини сардори маҳбаси Ёвон Сафари ғармиро ба мо ипсол намуд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, номи аслии ӯ сафархӯҷа будааст, аммо мутаассифона насабаш ҳанӯз маълум нашуд. Ин ҳам акси ӯ:
Дирӯз як зиндонӣ аз маҳбаси Ёвон, ки тавонист бо Паём тамос гирад, хабар дода буд, ҳафтае қабл дар ин зиндон се зиндонбон маҳбусеро зери шиканҷаи шадид гирифтанд, ки дар натиҷа маҳбус тоқат наоварда ҷонашро аз даст додааст.
Се нафаре, ки ӯро шиканҷа кардаву ба марг расонидаанд иборатанд аз:
1. Муовини сардори муассисаи ислоҳии 3/6 Сафархӯҷаи ғармӣ (насабаш маълум нашуд).
2. Зиндонбон Фаррухи ёвонӣ (насабаш маълум нашуд)
3. Зиндонбон Солиев Дилшод.
Гуфта мешавад сабаби шиканҷа пардохт нашудани маблағи “доля”-и ҳармоҳаи муовини сардор будааст.
Муассисаи ислоҳотии низомаш умумии Ёвон яке аз сабуктарин маҳбасҳои Тоҷикистон ба шумор меравад, аммо шиканҷаву латукӯб ва гоҳо қатли зиндониҳо низ дар ин зиндон аз зиндонҳои дигар камтар нест.
Қаблан Паём маълумоти парокандае дар бораи як зиндонбони ваҳшии ин муассисаи ислоҳотӣ бо номи Убайд Хуҷандиев дарёфт карда буд. Хуҷандиевро яке аз бераҳмтарин зиндонбонҳои муассисаи ислоҳии 3/6 медонанд, ки барои ситонидани пули бештар қодир ба ҳар ваҳшонияте будааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Хуҷандиев ҳоло аз кор ронда шуда, ба таксиронӣ машғул аст. Вале аз кор рафтани ӯ наметавонад сабаби ҷиноятҳои ӯро фаромӯш крадан шавад. Мо ҳатман қазияи ӯро пайгирӣ карда, ҳама ҷиноятҳояшро ифшо хоҳем кард.
Паём аз хонандагонаш, бахусус маҳбусини собиқи чӣ зиндони Ёвон ва чӣ зиндонҳои дигар даъват мекунад ҳар маълумоте дар бораи ин чаҳор нафар ва зиндонбонҳи дигар доранд, ба мо ирсол намоянд.