Посгоҳҳои мустақар дар Хоруғ тақвият карда мешаванд. Шумори низомиён ду баобар бештар шуда ва ба посгоҳҳо қуттиҳое бо бори номаълум фароварда мешаванд. Дар ин бора коршинос ва журналисти рус Андрей Серенко бо истинод ба манобеъаш дар Бадахшон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад “имрӯз (11.02) баъди нисфирӯзӣ таҳарруки бештари низомиён дида мешавад. Дар посгоҳо шумори силоҳбадастон ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар маркази шаҳри Хорқғ ба бинои 9-ошёнаии дар ҳоли сохт афроди мусаллаҳ ворид шуда ва мавқеъ гирифтанд. Ғайри ин ба посгоҳҳо қуттиҳое бузурге бо бори номаълум оварданд. Дар маҳаллаи Хоруғи боло низомиён фаъолона ҷосусӣ мекунанд. Сокинони маҳаллӣ имрӯз чанд бор парвози дронҳоро мушоҳида карданд”.
Дар ҳамин ҳол бо истинод ба манобеъи худаш менависад дар қуттиҳо симхорҳо ҳастанд, ки имкон дорад мехоҳанд вақти сар задани ҳаводисе роҳҳоро бубанданд.
Бархе коршиносон тахмин заданд, ки имкон дорад мақомот амалиёти низомиро ҳамин шаб шурӯъ кунанд, то рӯзҳои истироҳат “кори Бадахшонро тамом кунанд”.
Аммо дақоиқе пас аз нашри хабари аввал Серенко бо истинод ба манбаъаш дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон навишт, ки онҷо гуфтугӯҳое дар бораи сафари қарибулвӯқӯъи раисҷумҳур ба Хоруғ сӯҳбат меравад. Ба гуфтаи ӯ имкон дорад тақвияти посгоҳҳо ба сафари раисҷумҳур бастагӣ дорад.