11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Маркази исломии Тоҷикистон: 17 май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон

Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17 моҳи майи соли ҷориро рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар эълом кард.

МИТ бо ишора ба ҳамкории Пажӯҳишгоҳи нуҷуми Фарҳангистони улуми Тоҷикистон эълом кардааст, дидани моҳи мубораки Рамазон дар ғуруби рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар уфуқи ин кишвар ғайримумкин аст.

Аз ин рӯ мардум бояд аз субҳи рӯзи панҷшанбе 17 моҳи майи соли ҷорӣ, рӯза бигиранд.

МИТ гуфтааст, мизони садақаи фитрро барои моҳи мубораки Рамазон дар соли ҷорӣ, баъдан эълом хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа ва Русия, рӯзи чаҳоршанбе 16 моҳи май рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон эълом шудааст.

Баъзе аз кишварҳои дигари исломӣ бошанд, ҳамагӣ як ё ду рӯз пеш, баъди дидани моҳ, рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазонро муайян мекунанд. Дар баъзе кишварҳои пасошуравии мусалмоннишин мисли Тоҷикистон, китобчаи тақвими яксолаи моҳҳои ҳиҷрии қамарӣ бо вақти намоз нашр ва ба фурӯш бароварда мешавад. Ва аллакай дар он рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон нишон дода шуда, вақтҳои тулӯъ, қиём ва ғуруби офтоб барои як сол нишон дода шудааст.

Панҷ зани як прокурор

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *