БА САЪМИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Мақола — қиссаи воқеъӣ)
Панҷ тақдири нобасомон, панҷ дарахти орзуҳои решакангардида, панҷ гули калакандшуда ва думболи ҳамин панҷ зан даҳ волидайну чордаҳ фарзанд ва садҳо хешу табори ҳайрону дасткутоҳ!
Ҳамаашон аз як мард, ки додситон (прокурор) мебошад, монанде, ки аз бало метарсида бошанд, ваҳму ҳарос доранд. Охир ӯ болои мансаб аст ва вазифаи ҷонияш — “сиёҳкунанда”, оддитар карда бигӯем, сиёҳкунӣ мебошад. Ва “хуш бар ҳолаш”, ки дар авҷи аъло ин касбро аз худ карда, дар воқеъ маҳорату салиқаи бузургеро соҳиб шуда. Ногуфта намонад, ки кулли андешаву далелҳо дар нигоштаи мазкур, мавриди танҳо ҳамин 1 прокурор пеш оварда шудааст ва набояд бар иззати нафси дигарон бирасад, хоҳишмандем инро ҷиддан ба назар бигиред. Ва ана ҳамин додситони дастдарозу офтобро сӯз дода мегаштагӣ, хешу ақрабои бою бодавлат, соҳибмансабу ба қавли халқи оддӣ гӯем: наздиқони боқуввату боқудрати маъруф дорад.
Ва маҳз барои ҳамин, дидаву дониста, ҳеҷ кас аз ҷабрдидагон, ки дар якҷоягӣ, беш аз сад нафарро дар бар мегиранд, боре атрофи ҷиддияти масаллаи мазкур наандешид: — охир прокурор хизматчии давлатист ва барои рафтору кирдори ношоямаш бояд назди қонун, дар рӯ ба рӯ бо Прокурори генералӣ ва Суди Олӣ ҷавоб гӯяд. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек дошта бошаду намунае аз зиёиёни даврони хеш маҳсуб ёбад. Бояд дар симо ва сирати ӯ беҳтарин хислатҳои инсонӣ таҷассум ёбанд, тоинки ибратомӯзи дигарон бигардад. Дар мавриди “қаҳрамони” имрӯзаамон, ки худ додситон аст, яке дигареро радъ менамояд ва ӯ худ додгоҳеро ба дод овардаву хушнуду хушҳол, дар фориғболӣ даврон дорад. Собиқ ҳамсарони прокурор аз мушту лағадкубиҳои ҷоҳилона ва таҳдидҳои болоошиёнадори “сиёҳкунанда” чунон тарс ба мағзи ҷон ва устухон бурдаанд, ки аз гирифтани ному насаби ӯ воҳима зерашон карда, вижжасзанон мурғак ба пусташон медамад.
Аҷаб не нафаре аз ин панҷ зан ва фарзандони додситони зур намедонанд, ки тибқи Сарқонун (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати поймол гаштани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриямон ва ба таъхир гузоштани Қарорҳои ба тасвиб расидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон бояд бо аризаи шикоятӣ ба Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз оваранд. Шояд сабаби дилсардиву нобоварӣ ба волоияти қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон он буд, ки додситон аз касеву аз чизе имрӯз намеҳаросад!? Ва сари ҳар ҷумла, ҳангоми шатакуб карда, мӯи сари занро бо теғ “қоқоқоқ” хушк тарошиданаш ба гӯши ӯ чунин мегуфт:
— Ту, эй маймун, маро аз арзу шикоят ба боло натарсон, чунки ман аз боло он тараф истад, ки аз бало наметарсам! На Президент на суду на прокурор ба гапи туи аблаҳ гӯш нахоҳанд кард, зеро ҳама маро мешиносанд ва қисмати ту дар дасти ман аст. Фаҳмиди маро, бодиққат гуш кун, зеро имрӯзу фардову то абад, тақдирсозат ман ҳастам ва агар хоҳам бо аҳли авлодат ба хок яксонатон мекунам..!
Ҳамин тариқ яке аз занҳои никоҳияшро дузд эълон карда мӯи сарашро тарошид…; дигариро ғар бароварду чӣ рӯзҳоеро бар сараш наовард; сеюминро дар қаллобиву нобакорӣ гунаҳкор эълон намуд ва дасту пояшро баста…; чорумро беҳунару ноуҳдабаро гуфта, дасти холӣ аз хонааш ронд; панҷумро бесоҳиб ёфта ба гулӯяш кордро халлонд, то ҳаде, ки гуштро сурох карда, дар хун тараш сохт ва соатҳо метавон дар бораи “корнамоиҳои” ин шавҳари золим ҳикоят кард, аммо чӣ суд?
Сиёҳкунанда – додситон — прокурори варзидаи ҷумҳуриямон ба манфиат ва табъи дили худ кору рӯзгоре дошту то имрӯз фаъол аст ва то ин дам ҳеҷ нафар “гурбаи ӯро пишт нагуфтааст!” ва гӯяд ҳам, бубинад, то чӣ сели балое бар сараш резад. Ӯ тавассути фишороварии бениҳоят собиқ ҳамсаронашро тарсу гардонида, умре бар зарари ҷисмониву руҳии онҳо кушиш кардааст, то пасон ҳавсалаи даъво наёбанд. Мутаасифона, яке аз ин занони ҷабрдидаву мазлумгашта, ҷасорат пайдо накард, то ҳақро ба Ҳукуматдорони замон бирасонад ва аз Дастгоҳи боқудрати Давлати Ҳуқуқбунёди Демкоратӣ пуштибонӣ талабад.
Прокурор дар давоми ҳаёти оилавӣ ба ҳар яки аз он занон бо ҷиддияти том, мефаҳмонд, ки ҳама кори оламро пул ҳал мекунад ва одами бепул ҳақу ҳуқуқи гап заданро надорад, ариза навиштану шикоят бурдани камбағал ба сохторҳои қудратӣ ё зинаҳои болоӣ бефоида аст ва агар ҳазор карат ба ҳазор даргоҳ муроҷиат кунад, вақту қувваташро бефоида сарф хоҳад кард.
Кист ӯ прокурор, додситон ва сиёҳкунандаи зӯре, ки на танҳо ин панҷ Зан-Модар ва фарзандони онҳову хешу ақрабояшонро, балки кулли қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо Амру Дастурҳои Пешвои миллат пеши пои худ ба зону занонда, дилхоста корашро анҷом медоду то имрӯз қонуншиканиҳояшро далерона идома медиҳад? Наход зури нафаре ба ин тавонову дастболои даврон нарасад?
Бе шак, вақти он расид, ки ному насаби пурраи ин прокурори зур ва “ба тарзи худ яккаву нотакрорро” пеш оварем: ӯ Дуллоев Маҳмадалӣ Назриевич мебошад, корманди Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яъне, воқеъан нафаре, ки метавонад дилхоҳ инсонро шиканад ва Худо накунад, агар касе садди роҳаш шавад, ӯ бечораву бепуштибонро дар як лаҳза паси панҷара мефиристонад. Бале, Дуллоев М.Н. имконият дорад, ки яку якбора чанд нафарро мағлуб гардонида, муваффақу комрон бошад.
Дар шаҳри Душанбе ва Кӯлоб чанд хонаи истиқоматӣ дорад, аммо кайҳо ҳама моликияташро ба номи хоҳарону бародарони худ ҳуҷҷатгузорӣ кардааст, чунки қонуншинос аст ва медонад, ки дар ҳолати аз ҳамсар ҷудо шуданаш, Суд моликияти муштаракро баробар тақсим хоҳад кард. Аз ин рӯ ӯ пешопеш ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда, ҳақи ҳалоли ҳамсарони собиқ ва фарзандонашро надодааст ва додан низ намехоҳад. Ба ғайр аз ин зулму ситамаш идома дорад ва ҳамсари охиринаш: — Гадоева Майрамбӣ Мирзоевнаро то ҳолати худкушӣ расонидааст. Ягона гуноҳи ин зан-модари фарзандони Дуллоев М. Н. он аст, ки баъди даводавҳои тӯлонӣ, тибқи ҳалномаву таъинотҳо ва қарори Суд, ниҳояти ҳол, дар яке аз манзилҳои истиқоматии собиқ шавҳараш бо 5 (панҷ фарзандаш, ҳама фарзандони Дуллоев ҳастанд) маскун шудааст. Ин хона дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ буда, ҳама фарзандони Гадоева М.М. ва Дуллоев М.Н. дар ҳамин ҷо таваллуд шудаанд. Дуллоев М.Н. доим рӯирост ба Гадоева М.Н. мегуфтааст, ки дар ҳолати ҷудо шуданамон, ту 1 пиёла ё 1 чойник ҳақ надорӣ ва агар кор карда ё зоида боши, барои худат кардаи! Аз ман умеди молу мулк ё хона накун, беҳтараш мисли саг паси дари хонаи ман посбон бош ва “баҳ” гуфтам, давида ҳозир шав. Дар акси ҳол аз он занҳои дигарам бадтарат мекунам ва ба халосгар зор хоҳӣ шуд. Як хоҳарам басанда, аст то рӯзатро сиёҳу туро дар дуззах ҷо кунад.
Ба аҳдаш вафо карда, Дуллоев М.Н. хоҳараш Дуллоева Меҳриро дар хонаи маскунгардидаи Гадоева М.М. ҷо кардааст ва ӯ кирдору ӯ азобе, ки ин хоҳари прокурор дар ҳақи собиқ ҳамсари акояш раво мебинад, ба тасвираш оҷизем. Дарҳои ду ҳуҷраи истиқоматии 5 фарзанд ва модари онҳо бояд қулф набошад! Аз дарун “курҷок” маҳкам нашаванд, тиреза бояд парда надошта бошад! Хулоса, кайе ки Меҳри Дуллоева хоҳад ба хона даромада, чӣ коре ки мехоҳад мекунад, аммо Гадоева М.М. ҳуқуқе надорад ва ӯ барои “соҳибхона” ҳеҷ аст, мисли алаф ё сабзаи таги по. Гоҳ зани бечораро дузд гуфта аз мӯйҳояш кашола карда, таги по мекунанду мурданак мезананд. Акаву хоҳар бечора занро доим таҳқир карда, тӯҳмат болои тӯҳмат бар сараш мешоранд. Яке як фарзандашро бачаи ким кӣ, гӯён тӯҳмаматаш мекунанд. Яке ту мардеро ба хона надарорӣ, гуфта қулфҳои хонаро канда мепартоянд. Ин дар ҳолест, ки 6 нафар дар 2 ҳуҷрача зиндагӣ мекунанд ва он ҳуҷраҳое, ки тибқи ҳалнома бояд ба Гадоева ва 5 фарзандаш ҷудо мешуд, дар ихтиёри хоҳари Дуллоев Меҳри қарор доранд. Ку як кас овоз рушан кунаду бубинад! Қабраша то бехи гӯшаш меканам! – гӯён хоҳаршӯй рӯзи янгаи собиқро сиёҳ карда, гоҳ намакро бо тезӣ ва гоҳ равғанро бо чакка меомезад. Хулласи калом, занро то ҳади ниҳоӣ расонида, мақсад доранд ӯро дилзанак карда бикушанд ё аз ҳама хубаш: бо хоҳиши хеш аз маскуният даст кашаду бо кӯдаконаш баромада, дигар ҷо биравад. Лекин Гадоева М.М. бо 5 фарзанди прокурор – Дуллоев М.Н. дар хонаи падарашон ҷо наёфта, дар куҷо ғунҷида тавонанд?
Қиссаву ҳикоёти даҳшатовар атрофи ҷоҳилиҳои Дуллоев М.Н. нисбати 5 ҳамсари собиқаш ва фарзандонашон, бениҳоят зиёданд ва далелҳо низ кам нестанд. Ба назар чунин менамояд, гӯё тору пуди ин додситон аз ҷаҳлу бухл ва хасисӣ танида шудааст ва чӣ сон метавон бо чунин хулқу атвор тақдири дигаронро ҳал кард? Прокурор бояд ҳамеша, дар ҳама ҳолат аз волоияти қонун ҳарф зада, дар ҳимояи он бошад. Дар акси ҳол ӯ ҳақу ҳуқуқи маънавии додситониро надорад. Ва ин чӣ қонунест, ки ба 5 фарзанди ноболиғ, баъди 1 (як) солиу чор моҳи даводавҳо Суд ҳамагӣ 500 (панҷсад) сомонӣ алиментпулӣ ҷудо кардааст? Ба ин 500 сомонӣ Гадоева М.М. барои хӯронидани 5 нафар озуқаворӣ бихарад ё сару либоси мактабӣ? Дар ҳолати беморӣ ва ё даридани пойафзори яке ӯ аз куҷо маблағ ба даст орад? Ӯ хоҳари шафқат кор мекунад ва маошаш ночиз аст, зеро аз боиси фарзандони хурдсол доштанаш, рӯзи пурра дар кор буда наметавонад.
Меҳри Дуллоев бошад, дарвозаи беруни ҳавлиро қулф зада, калиди онро ба кӯдакони бародараш намедиҳад. Дари хона бе қулфу дарвозаи ҳавли маҳкам ва бечора кӯдакон маҷбуранд аз болои дарвоза парида ба мактаб бираванд ва дар бозгашт боз аз болои дарвозаи таи 3 метр баланд вориди ҳавлинча шаванд. Агар Майрамбӣ Гадоева маҳлӯле барои шуштушӯи косаву табақ бихарад ва дар ошхона гузорад, хоҳаршуй бо акааш он маҳлулро ҷабида мерезанд ва даруни зарфро пури об карда мегузоранд. Ҳар рӯз як ҳиллаву найранги нав, баҳонае барои ҷанҷол пайдо месозанд. Акаву хоҳар мехоҳанд занро бо фарзандонаш гурезон кунанд ва тавре, инро анҷом диҳанд, ки онҳо дигар ҳаргиз ба хонаи маскунбудаашон барнагарданд.
Майрамбӣ Гадоева тан надода, як олам далел ҷамъ овардааст, лекин прокурор на парвои далелҳои ӯ дораду на ғами фарзандонашро мехӯрад. Ӯ боз як зани дигарро пайдо карда, дар хонаи рӯ ба рӯ, ки он ҳам моликияти худи Дуллоев М.Н. аст, кайфу сафо мекунад. Гоҳо бо дашномҳои қабеҳ, тӯҳмат ва суз доданҳо додситон ва хоҳараш Майрамбиро ба ҳолати ногувор гирифтор карда, баъди ҳақорату пастзаниҳои худро анҷом додан, садояшро сабт мекунанд.
Ин сабтҳоро одами бесалиқа ва муфаттиши навкор шунида, зуд гумроҳ мегардад ва ақли баъзеҳо намерасад, ки чӣ водораш сохт, ки зани бечора ин қадар доду вой кунад? Бачаҳои хурдсол шоҳиди ҳама “саҳнаҳои” оилавӣ шуда, тарсуву беҷуръат гаштаанд ва чандон майли зистан надоранд. Модари онҳо дигар мадори мубориза бурданро намеёбад ва аз Прокурори Кулл хоҳишманд аст, ки ба азобу уқубати бар сар доштааш нуқта гузоранд. Пуштибонӣ аз ӯ ва фарзандонаш карда, ҳақро ба ҳақ бирасоннанд, вагарна мудҳише рух медиҳаду дер хоҳад шуд, охир ӯ дигар тоби бардошти ин бори гарони ғаму дарду кулфатро надорад…
Маҳмадалӣ Назриевич Дуллоев аз Худо наметарсад ва беҳуда дар урфият нафармудаанд, ки “Битарс аз ӯе, ки аз Худо наметарсад!” Дар асл аз чунин афрод тарсидан лозим, вагарна ба лак балои бад гирифторат мекунанд. Лекин чӣ чора, вақте нафас дар гулӯ дармемонад ва дигар тобу тавони зистан надориву ҳеҷ чиз садди роҳат буда наметавонад. Хоҳу нохоҳ, “гушна ба шер дармеафтад” ё “ Дар набарди зиндагӣ шамшер мебояд гирифт, Ризқи худро аз даҳони шер мебояд гирифт!” шиори зиндагии нафари дигаре мегардад.
Вақте панҷ фарзанд нимгуруснаву нимсер аз падар норзиянд ва падари прокурорашон бо арусаш аз пеши онҳо гузашта ба хонаи рӯ ба рӯ “дамгирӣ” мераваду барои онҳо вақт намеёбад, чӣ умед аз ояндаи нек ва аз ин фарзандон? “Қонун дар бораи масъулияти падару модар…”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа” ва даҳҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои кӣ навишта шудаанд? Барои деҳқон ва роҳруб? О,о, чаро прокурор Дуллоев М.Н. санадҳои ҳуқуқиву меъёриро риоя намекунад ва оддитарин хислатҳои одамиро доро несту боз дар прокуратураи генералӣ фаъолият дорад? Ё ӯ прокурор шуда думу шох дорад ва ё ба оилаи Дуллоевҳо ҳама кор иҷозат аст?
Ду фарзанди аз ҳамсарҳои дигар ба зурӣ кашида гирифтаи Дуллоевро Майрамбӣ модарвор калон карда, дуои нек ба ҳаёти мустақил додааст. Дигар фарзандонаш дар ҳар сӯ титу парешон, гоҳо ба як пора нон зор буданду чӣ рӯзҳои сангинеро паси сар накарданд, Худо ба бачаи саг нишон надиҳад. Ба рӯйхати зерин нигаред:
Фарзандони прокурор — Дуллоев М.Н. аз ҳамсари панҷумаш -Гадоева Майрамбӣ Мирзоевна, ки 25 июли соли 1977 ба дунё омада, 12 сол бо ӯ дар як болишт сар гузоштааст:
Дуллоева Нилуфар 6 октябри соли 2006 таваллуд шудааст.
Дуллоева Фотима Маҳмадалиевна 15 августи соли 2008 таваллуд шуда.
Дуллоева Зуҳро Маҳмадалиевна саннаи таваллудаш 15 августи 2008 (Фотима ва Зуҳро дугониканд).
Дуллов Амирҷон Маҳмадалиевич 20 январи 2011 сол чашм ба дунёи ҳастӣ кушода.
Дуллоев Иноятулло Маҳмадалиевич 22 декабри 2016 ба дунё омада.
Расидем ба қисмати дигари қисса ё тақдири талхи пурмоҷаро ва муаммои сарбаставу кургиреҳдори ҳаёти панҷ зани шикаставу нотавони тоҷик, ки ахиран оҳи дилашон ба арш расида, Худованди муттаолро гирён кард:
-Рӯзе аз рӯзҳо мӯйсафеде бо пиразане ба роҳ баромада, нияти соате нафаси тоза гирифтану каме пиёда қадам заданро доштанд. Онҳо аз тангкӯчае гузашта ба самти роҳи калон раҳсипор буданд. Баногаҳ аз болои дарвозаи баланд духтарчаи дустрӯяке ба замин афтода, шитобон аз ҷой хест. Лаҳзае баъд, пас аз духтараки даккахӯрда, писарбачае худро аз болои дарвоза ҳаво дод. Сонияе ногузашта, духтарчаи хурдсоли дигар, ки либоси мактаби ба бар дошт ва ба назар, тақрибан якумхон менамуд бо садои “тап” ба рӯи мумфарш афтида ғелон шуд. Акаву апа бомеҳр хоҳарчаро бардошта чангро аз либоси мактабии ӯ такиданд ва гӯё чизе рух надода бошад, рӯ ба роҳ ниҳоданд. Се тан кӯдаки ноболиғи ранги рӯяшон зардгашта, пешопеши пиру кампир маъюсу гирён мисле, ки аз ҳаёт домангир бошанд, сари хам по мегузоштанд.
Мӯйсафед хост аз онҳо чизеро бипурсад, аммо фурсат наёфт. Яке аз кӯдакон бо лаҳни ширини худ ба сурудхонӣ шурӯ кард. Маълум буд, ки ин се тани ноболиғ, фарзандони як оилаанд ва онҳо таронаи кӯдаконаи худиншокардаеро месароиданд. Се кӯдаки ба таври фавқулода дар ғам олудаву нотавон, ашки чашмонашонро пок накарда, калавиданҳо доштанд. Онҳо пешпо хӯрда китобхалтаҳояшон дар пушт овезон, дили нохоҳам илмомӯзӣ мерафтанд. Он се тану се сояи ларзони маъюси роҳи равон, пиразану мӯйсафед аз қафояшон ва появу барги дарахтон бо дару девори манзили истиқоматии зиёд шунавандаҳои нахустин набуданд. Яъне, ин сурудро одамони бешумор ва мумфарши болои сангу шағал борҳо шунида буданду, касе парвои сарояндаҳо надошт. Садои кӯдаконаи бодард аз қалби кӯчак беруншуда, аз мағзи ҷон гузашта мерафт ва бо дарди ҷонсӯз ҳастии касро фаро мегирифт. Гӯё ин лаҳза чархи фалаки гардон аз чархидан бозмонда парандагону мӯрҳои бехи девор ҳушу гӯш ба ҳамин се тан доштанд, ки бурро сароида оҳиста ба пеш мерафтанд.
Падари мо “прокурор”,
корҳояш ҷудо бисёр,
Барои мо – фарзандон,
вақт намеёбанд, зинҳор.
***
Падарамон додситон,
сиёҳкунандай калон,
Соҳиби амру фармон,
моро карда саргардон.
***
На дар дорем на хона,
падар мисли бегона,
Бечора модарамон,
ҳам додову ҳам Она.
***
Падарамон шахси зур,
дар рӯи олам машҳур.
Аз пушти вазифааш,
гардида хеле мағрур.
***
Хона хонаи падар,
аммо ба номи дигар,
Моро маскун кардаанд,
то нагардем дар ба дар.
***
Дар ҳамин хона Дӯстон,
амаамон саркалон,
Мезанаду мекубад,
моро мекунад гирён.
***
Ин аммаи ҷангара,
моро карда масхара,
Қулфу калид дар дасташ,
мо чун моҳӣ дар шасташ.
***
Туҳмат болои дашном,
бар сарамон меборад,
Мо гашта лолу ҳайрон,
зистан ҳам намефорад.
***
Шунидем, ки Модаре,
бо се фарзанд рафт ба об,
Шояд ӯ ҳам мисли мо,
гашта буд сиху кабоб!?
***
Падар сиёҳкунанда,
мо гунаҳкор гаштаем,
Кӯдакони ноболиғ,
ҳайрони кор гаштаем.
***
Модарамон, бечора,
аз ғаму дард овора,
Бо панҷ фарзанди хурдсол,
рӯзи сиёҳе дора.
***
Падар ӯро мезанад,
амма мӯйҳош меканад,
Аз ҳар тори мӯи ӯ,
шерози ғам метанад…
***
Мӯйсафед аз роҳгардӣ бозмонд. Дилаш ба ин кӯдакони бегуноҳ сӯхт ва дар қафаси сина нағунҷида, гӯё нияти бурун шудану бетартибона гурум-гурум дошт. Пиразан дасти ӯро дошта, асояш гашт ва бошитоб пурсид:
— Чӣ шуд, боз қалбатон ба бозӣ даромад?
— Гӯё худат бетараф буда метавони. Ин кӯдакон ба ҷои “Мо хушбахти ҷаҳонем, ғамеро намедонем.., бубин ки чӣ гуна шеър иншо кардаанд.
Ману туи азиз ба нохуни пои 1 фарзанд зор будем ва таи 60 сол бо ҳам зиста, боре ҳамдигарро “ҳайфи ту!” нагуфтем. Ин се тан ба падар ва ғамгусору мададгор зоранд. Бечора модарашон дар ботлоқи ҷаҳолат ғутидаву дасте нест, то ӯро аз ғализоваи марговар кашида барорад. Худованд ҷазои он прокурорро диҳад, ки ҷигаргӯшаҳои хешро то ҳамин ҳолат расонидааст…
***
Сабаби асосии ҷангу ҷанҷол миёни зану шавҳар як табақча орд шуд: дили Майрамбӣ ба ҳамсояи камбизоаташ сӯхт ва дар роҳу ризои Худованд ҳамон 1 табақча ордро хайр кард. Хоҳари прокурор инро дида, шаб ба акааш хабар расонд. Пурсишу истинтоқи Дуллоев М.Н. аз пештара шадид буд. Нимаи шаб Майрамбӣ пои пиёдаву бе пойафзор бо 5 фарзанди хурдсол аз шаҳри Душанбе ба деҳаи Истиқлол – 4, ноҳияи Рӯдакӣ, хонаи падараш рӯзноманигори маъруфи тоҷик — Мирзо Гадоев расид. Сару рӯи Майрамбӣ варамидаву хунолуд, садопардаҳои гӯшаш сахт осеб ёфта буданд. Пеш аз ин низ муштзаниҳои Дуллоев М.Н. ҳамсараш Майрамбиро ҳафтаҳо бистарӣ намуда, сарашро бардошта наметавонист, лекин ин маротиб ӯ аз ҳад гузаронида буд. Падар ҳоли духтарашро дида ба чашми сар бовар намекард. Кӯдакон беш аз 14 (чордаҳ) километрро пиёда тай карда, соати дуи шаб худро ба хонаи бобояшон расонданд ва ҳоло аз гиря чашмонашон хун печида меистод…
Қисса давом дорад.
Аз нақлу ҳикояти наздикон, хешу табор, ҳамсояҳо, шоҳидон ва далелҳои пешовардаи Гадоева М.Н. бо қалами Гули Зард – Зардова Гули Давлаталиевна навишта шудааст.
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Гули Зард