Ҳушдори Руҳонӣ ба ИМА: «Ҳар чи қадар хоҳем, мушак ва силоҳ захира мекунем»
Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти ҷумҳурии исломии Эрон, бо лаҳне тунд ҷиҳати кӯшиши барҳамзании тавофуқи ҳастаӣ ба Амрико ҳушдор дода гуфтааст, ки агар ин кишвар бихоҳад аз БАРҶОМ хориҷ шавад, дучори «пушаймонии таърихӣ» хоҳад шуд.
Рӯҳонӣ, ки ба устони Хуросони Разавии Эрон сафар карда буд, зимни суханронӣ дар шаҳри Сабзвор гуфт: «Ба миллати Эрон бо сароҳат мегӯям, ки аз чанд моҳи пеш тамоми дастуроти лозим ба бахшҳои иҷрои кишвар дода шудааст, ба созмони энергию атомӣ дастурҳои лозим иблоғ шуда ва чанд рӯз пеш низ бо масъулон аршади ин созмон сӯҳбат кардаам.»
Амрико шаш рӯзи дигар, 12 май ё 22 урдибиҳишт, тасмими худро дар бораи БАРҶОМ эълом мекунад. Доналд Трамп, президенти Амрико ҳушдор дода буд, ки агар тағйироти мавриди назари ӯ дар БАРҶОМ иҷро нашавад, ин бор лағви таҳримҳои ҳастаии Эронро тамдид нахоҳад кард.
Назорати барномаи мушакии Эрон ва маҳдуд кардани ҳузури низомии Эрон дар Сурия ва Ироқ аз талаботҳои мавриди назари Амрико аст.
Ҳасан Руҳонӣ таъкид кард, ки Теҳрон дар бораи қудрати дифоъии худ бо касе музокира намекунад. Ӯ таҳдид кард, ки Эрон «ҳар миқдор силоҳ, имконот ва мушаки маврид ниёзи кишвар бошад», месозад ва захира мекунад ва «ба касе рабте надорад», ки ин кишвар барои дифоъ аз худ чӣ тасмиме гирифтааст.
Руҳонӣ бо ишора ба расидани замони эъломи тасмими Доналд Трамп дар бораи БАРҶОМ гуфт: «Ҳафтаи оянда дар зиндагии мо тағйире эҷод нахоҳад шуд. Ҳар тасмиме, ки Тромп бигирад дар муқобили он тарҳ ва барномаи худро дорем ва муқовамат мекунем.»