11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Аввалин паёмади ҷиддии монополияи интернет аз тарафи Бег Сабурӣ

Тоҷикистон бо бӯҳрони коммуникатсионӣ мувоҷеҳ шуд. Рӯзҳои истироҳат (5-6 май) ҳамаи ширкатҳои интернетрасон ба ҷуз Тоҷнет барои чанд соат интернетро қатъ карданд.

Аз замони оммавӣ шудани истифодаи интернет ин аввалин ҳодисаи қатъ шудани интернет ба ин муддати тӯлонӣ ва дар саросари кишвар аст. Мушкили асосӣ дар он аст, ки интернетрасонӣ аз тарафи Тоҷиктелеком инҳисорӣ шудааст ва ин ширкат метавонад ҳар замоне хост интернетро дар кишвар қатъ кунад. Ё дар сурати рух додани садамае дар ноқилҳои Тоҷиктелеком, ҳеҷ ҷойгузини дигаре вуҷуд надорад.

Дар шароити феълии ҷаҳон бидуни интернет мондани як кишвар ҳатто барои чанд дақиқа на танҳо ба бехатарии маълумот, балки ба бехатарии умумии кишвар низ таҳдиди бузург ҳисобида мешавад.  Вале барои Оила даромади шахсии аъзои он ҳамеша авлотар аз ҳама чиз дар кишвар аст.

Корбарони интернет шӯхӣ мекунанд, ки агар давоми ин чанд соат дар Тоҷикистон инқилоб рух медод, ҷаҳон аз он бехабар мемонд.

Маълумот аз Консепсияи бехатарии маълумот дар Тоҷикистон аз соли 2003:

Таҳдидҳо ба маълумотрасонии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:

…Ташкили монополия дар шаклгирӣ, гирифтан ва паҳн крадани маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо истифодаи системаҳои телекоммуникатсионӣ…

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *