Рубрики Хабарҳо

Исроил: Теҳрон барои 5 бомби атомӣ урани кофӣ дорад

Йоав Галант, вазири дифоъи Исроил рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни сафараш ба Юнон эълом кард, ки Эрон дар ҳоли ҳозир урани ғанишудаи кофӣ барои сохти панҷ бомби ҳастаиро дорад. 

Вазири дифоъи Исроил гуфт: ”Эрон ба як бомби ҳастаӣ басанда намекунад. Ин кишвар ба андозаи кофӣ урани ғанишуда дар сатҳҳои 20 ва 60 дарсад барои сохти панҷ бомби ҳастаӣ анбошта кардааст. Ғанисозии уран тавассути Эрон то сатҳи 90 дарсад, хатои бузурге аст ва паёмадҳое дар пай хоҳад дошт, ки метавонад Ховари миёнаро ба оташ бикашад.” 

Ӯ афзуд аз он рӯ дар ҷараёни сафараш ба Юнон дар бораи таҳдидоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ сӯҳбат мекунад, ки ба тозагӣ талошҳое аз сӯи Сипоҳи Посдорони Эрон барои анҷоми ҳамалоти террористӣ алайҳи яҳудиён дар Юнон анҷом шудааст ва гуфт: “танҳо ҳамкории иттилоотӣ дар сатҳи боло тавассути кишварҳо аз бурузи фоҷиа ҷилавгирӣ мекунад.” 

Пеш аз ин яке аз мақомоти аршади дифоъии Амрико низ гуфта буд, ки Эрон метавонад уранро дар камтар аз ду ҳафта ба таслиҳоти низомӣ табдил кунад. 

Бо ин ҳол коршиносон бар ин боваранд, ки иқдоми Эрон барои сипарӣ кардани мароҳили душвори истифода аз урани ғанишуда барои сохти як силоҳи ҳастаӣ ва сипас инфиҷор, дасти кам 6 моҳ то 2 сол замон хоҳад бурд. 

Бахши қобили таваҷҷуҳе аз иттилооти Исроил дар бораи мизони пешрафтҳои Эрон дар мавзӯъи сохти бомби ҳастаӣ, ба кумаки асноде фароҳам шуд, ки Моссад тавонист дар соли 2018 аз Эрон хориҷ кунад. 

Бар асоси асноди ҷамъоварда дар ҷараёни ин маъмурият ва бинобар иддаои Исроил, ҳадафи Эрон аз ҳамон ибтидо сохти дасти кам 5 бомби ҳастаӣ буда, ки акнун беш аз ҳар замони дигаре ба таҳаққуқи он наздик шудааст. 

Нетаняҳу: Эрони ҳастаӣ таҳдиде барои ҳар шаҳри Амрикост, ки Теҳрон бихоҳад 

Ҳамзамон, Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи ҳайате аз Кунгираи Амрико гуфт, ки Эрон дар сурати дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ метавонад аз ҳар шаҳри Амрико “боҷ (фидя) биситонад”. 

Нетаняҳу гуфт: ин ки Эрон битавонад тамоми шаҳрҳои Амрикро бо боҷхоҳии ҳастаии худ таҳдид кунад, тағйири таърих хоҳад буд. Ў афзуд: “Эрон муодили 50 Кореяи шимолӣ аст ва ин фақат ба монанди қулдури маҳаллие мисли силсилае, ки бар Кореяи шимолӣ ҳукумат мекунад, нест.” 

Нахуствазири Исроил дар дидораш бо Майкл Тернер, раиси кумитаи иттилоотии мунтахаби доимии Маҷлиси намояндагон, ки ҷумҳурихоҳ аз Айова аст, гуфт: “Эрон нерӯи идологие аст, ки мо Исроилро шайтони кӯчак мебинад ва шуморо шайтони бузург.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *