Рубрики Хабарҳо

Бритониё: ҳимояти таслиҳотии Эрон ва Беларус аз Русияро ҳадаф қарор медиҳем

Укроин мегӯяд Русия аз паҳподҳои интиҳории Эрон дар таҳоҷум ба хоки Укроин истифода мекунад аммо Эрон мегӯяд мақомҳои укроинӣ ҳеҷ санаде дар ин замина ироа накардаанд. 

Вазорати хориҷаи Бритониё 25 ширкат ва шахс аз кишварҳои мухталифро барои кумаки таслиҳотӣ ба Русия таҳрим карда ва гуфтааст ҳимояти низомии Эрон ва Беларус ба “мошини ҷангӣ”-и Маскавро ҳадаф қарор медиҳад. 

Таҳримҳои ҷадид шомили шахсиятҳои ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ дар Эрон, Туркия, Беларус, Словакия, Суид, Аморот ва ҳамчунин Русия мешавад. 

Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Бритониё афрод ва ниҳодҳое, ки дар таҳқиқ, сохту тавлиди паҳпод барои Сипоҳи Посдорон нақш доранд таҳрим мешаванд аз ҷумла ширкати “Провар Порс”. 

Дирӯз Иёлоти муттаҳида дар вокуниш ба вазири хориҷаи Эрон гуфта буд асноди истифодаи Русия аз паҳподҳои Эронро ба мақомҳои укроинӣ додааст. Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён гуфта буд Укроин мадраки далолаткунада бар истифодаи Русия аз паҳподҳои Эрон дар ҳамла ба он кишвар ироа накардааст. 

Матио Милер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, гуфтааст “агар дархости вазири умури хориҷаи Эрон аз Укроин барои дарёфти мадрак бошад, қатъан мо ироа кардаем. Мо аз ибтидои ин даргирӣ иттилоотеро бо Укроин ба иштирок гузоштаем ва ман мутмаин ҳастам, ки бобати идомаи ин кор хурсанд хоҳем буд”. 

Укроин мегӯяд, ки паҳподҳои эронии Шоҳид, нақши муҳимме дар ҳамалоти Русия ба шаҳрҳо ва зерсохтҳои Укроин доранд. 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар посух ба саволе бар мабнои изҳороти вазири хориҷаи Эрон, ки оё шавоҳиде мабнӣ бар эронӣ будани паҳподҳои бакоргирифташуда тавассути Русия алайҳи Эрон вуҷуд дорад ё на, гуфтааст аз ҷумлаи шавоҳид “паҳподи сарнагун шуда бо қатаоти эронӣ” аст. 

Милер гуфта ҳимояти Амрико аз Укроин дар ироаи ин шавоҳид ба Эрон, машрут ба тасмими мақомҳои укроинӣ аст. 

Укроин мегӯяд Русия дар таҷовузи низомӣ ба ин кишвар аз паҳподҳои интиҳории Эрон аз ҷумла Шоҳид-136 истифода мекунад. 

Як рӯз пеш аз ин Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён вазири хориҷаи Эрон гуфта буд дар музокироте, ки байни Эрон ва Укроин ба мизбонии Уммон анҷом шуда буд “ҳеҷ санади қобили қабули аз тарафи укроинӣ дар мавриди иддаоҳои матраҳ шуда ироа нашуд”. 

Амир Абдоллоҳиён гуфта буд дар тамоси телефонӣ ба ҳамтои укроинии худ гуфтааст: “мутмаин шудам, ки ҳеҷ санаде дар иртибот бо иддаоҳое, ки матраҳ мекунед дар ихтиёри шумо нест ва иттиҳомоте, ки ба Эрон дар ин замина мезанед комилан ғалат ва нодуруст аст”. 

Вазири хориҷаи Эрон гуфтааст Укроин дар нишасте, ки қарор буда дар ин бора дар Лаҳистон баргузор шавад, ширкат накарда ва пас аз як даври музокира дар Уммон дар ҳамин замина, дигар ҳозир ба гуфтугӯ бо Эрон нашудааст. 

Амир Абдоллоҳиён гуфта буд: “мо дар ин муддат борҳо пайгирӣ кардем, ки ин нишаст баргузор шавад аммо тарафи укроинӣ дар даври ҷадиде аз ин гуфтугӯҳо то кунун ҳозир нашудааст”. 

Укроин Эронро муттаҳам мекунад, ки бо дар ихтиёр додани паҳподҳои интиҳории ин кишвар аз ҷумла Шоҳид-136 ба Русия дар ҳамлаи низомӣ ба Укроин, кумак мерасонад. 

Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё ва Амрико бархе аз низомиён ва корхонаҳои сохти таслиҳот дар Эрон ба далели он чи ирсоли паҳпод ба Русия хондаанд, таҳрим кардаанд. 

Зеленский, ҳудуди ду моҳ пеш ҳам аз Эрон хоста буд ончиро ирсоли паҳпод ба Русия барои истифода алайҳи Укроин мехонад, мутаваққиф кунад. 

Бо ин ҳол Зеленский гуфт, ки падофанди ҳавоии кишвараш то кунун маҳорати зиёде дар соқит кардани ин ҳавопаймоҳои интиҳории бидуни сарнишин дорад ва то авоили моҳи майи 2023 теъдоди 900 фарванд аз 1160 дастгоҳи паҳподро сарнагун кардааст. 

Ӯ гуфта буд “рӯйи сӯҳбати ман бо ҳама аст, ҳам ҷомеа, ҳам рӯҳониёни Эрон, ҳам тактаки хонаводаҳои эронӣ, ҳам касоне, ки метавонанд бар тасмимҳои давлат дар Эрон таъсир бигузоранд. Як пурсиш содда дорам: ҳамдастӣ бо терроризми Русия ба чӣ дардатон мехӯрд? Чаро шумо дар канори як давлати аҳриманӣ ҳастед?” 

Эрон аз ибтидои ҳамлаи низомии Русия ба Укроин бо ҷонибдорӣ аз Маскав, раҳбарони укроинӣ ва Созмони паймони ҳамкориҳои Атлантики шимолӣ (НАТО)-ро мусаббиби ин таҷовуз хондааст. 

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ, тирмоҳи моҳи соли гузашта дар дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар Теҳрон НАТО-ро “мавҷуди хатарнок” хонд ва ба Путин гуфт, ки агар ӯ дар Укроин “ибтикори амал”-ро дар даст намегирифт “тарафи муқобил бо ибтикори худ мӯҷиби вуқӯъи ҷанг мешуд”. 

Пас аз муддатҳо такзиби фурӯши паҳпод ба Русия, Амир Абдоллоҳиён соли гузашта эълом кард, ки Эрон ба Русия паҳпод дода аммо гуфт, ки ин иқдом пеш аз шурӯъи таҷовузи низомии Русия ба Укроин будааст. 

Вазири хориҷаи Эрон ба тозагӣ гуфтааст “мо ҳеҷ гоҳ барои ба коргирии паҳподи эронӣ ва ё силоҳи эронӣ дар ҷанги Укроин имконотеро дар ихтиёри Маскав қарор надодаем”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *