Шарофиддин Гадоев ҳамоҳангсози ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар як навор, ки шоми имрӯз нашр кард, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба фурӯши силоҳ ба Толибон ва маблағгузории терроризм айбдор кард.
Ҳамчунин Гадоев гуфт далоили дар даст дорад, ки Ҳасан Асадуллозода ба фурӯши силоҳ, ҳамлу нақли маводи мухаддир машғул буда, ба як гурӯҳи террористӣ дар Покистон маблағ гузаронидааст. Ӯ гуфт Саймуъмин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам бо Асадуллозода ҳамдаст аст.
Дар ин навор, ки мустақиман дар фейсбук пахш шуд ва ҳудуди 20 дақиқа тӯл кашид, Шарофиддин Гадоев гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле пайваста аз терроризм ҳарф мезанад, ки худаш террорист аст ва дар куштори ҳазорон инсони бегуноҳ даст дорад.
Ӯ аз мардум хост дубора ба иғвоангезии Эмомалӣ Раҳмон дода нашаванд ва гуфт охирин баромади раисҷумҳури Тоҷикистон барои ба додгоҳ кашидани ӯ санади тайёр аст.
Гадоев аз мардум даъват кард новобаста аз эътиқод, забон, дин маҳал ба ҳам оянд ва мубориза алайҳи режими Раҳмонро ҷиддӣ гиранд.
“Ояндаи Тоҷикистон зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст” гуфт ӯ ва таъкид кард, террорҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ карда истодааст, ба зудӣ дар кишвар террористони воқеъиро ба вуҷуд хоҳад овард.
Гадоев ҳамчунин гуфт хадамоти ҷосусии КДАМ дар фиристодани ҷавонони тоҷик ба Сурияву Ироқ даст дорад.
Ӯ таъкид кард далоили зиёд ва санадҳои дақиқе дар даст дорад ки Асадуллозода гурӯҳҳои террористӣ дар Покистонро маблағгузорӣ кардаст ва то ҳол ба гурӯҳи Толибон яроқ мефурӯшад. Ба гуфтаи ӯ ин силоҳҳо иборатанд аз мусалсали Калашников, таппончаи Макаров ва тиру тирдонҳои онҳо.
Ба гуфтаи Гадоев 80-90 тон маводи мухаддир дар дасти Ҳасан гардиш мекунад ва додарарӯси раисҷумҳур дар сарҳади Тоҷикистон ба фурӯши яроқ ва транзити маводи мухаддир машғул аст. “Ҳасан Асадуллозода 100-150 миллион доллар аз маводи мухаддир даромад мегирад” — таъкид кард ӯ.
Гадоев мӯътақид аст, ки Асадуллозода “баъзан ба ҷои пули маводи мухаддир ба яроқ медиҳад”.
Ӯ ҳамчунин Саймуъмин Ятимов, раҳбари КДАМ-ро ҳамдастӣ Асадуллозода хонд ва гуфт, ки Ятимов дар хориҷ $350 млн дар хориҷ пул дорад, ки аз транзити маводи мухаддир ва фурӯши силоҳ ба даст овардааст.
“Беш аз 6000 нафари бегуноҳ дар зиндонҳои Раҳмонов бо тӯҳматҳо нишастаанд” — гуфт Гадоев. Ӯ гуфт режими Раҳмон бо ҳабси ҳарчӣ бештари мардуми бегуноҳ бо иттиҳоми экстремизму терроризм мехоҳад ба хориҷиён нишон диҳад, ки хатари терроризм дар кишвараш хеле зиёд аст.
“Мубориза б терроризм” баҳонае барои рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои иқтисодии хонаводаи Раҳмонов аст” — мӯътақид аст Гадоев.
Ӯ гуфт ба зудӣ дар бораи он ки чӣ гуна режими Раҳмон амалиёти террористие дар Русия, Туркия ва Покистону Афғонистон ва Сурия анҷом медиҳад ва гурӯҳҳо террористиеро маблағгузорӣ мекунад санаду далелҳо пешниҳод хоҳад кард
Ҳамчунин таъкид кард хадамоти амниятии режими Раҳмон мехоҳад бо дасти тоҷикон дар Аврупо тоҷикони дигарро (манзураш шояд мухолифин аст) террор кунад.
Сабти навори Шарофиддин Гадоевро инҷо бубинед: