Чанд моҳи охир вазире, ки бештар аз ҳама дар сархати расонаҳо қарор дошт, вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид буд. Мухолифонаш ӯро камсавод ва фасодкор медонанд, аммо тарафдоронаш вазири маорифро нафари ғамхор илму маориф, хоксор ва арзандаи курсии ишғолкардааш медонанд.
Паём тасмим гирифт таҳқиқоти кӯчаке дар ин самт анҷом диҳад ва бубинад, ки оё Нуриддин Саид ба илму маорифи тоҷик машғул аст ё вазорати таҳти роҳбариашро ба манбаъи даромадаш табдил додааст.
Ҳарчанд дар васоити ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ бинобар посухи хатояш бо забони русӣ дар як нишасти матбуотӣ, ба олим будану аз худаш будани корҳои илмияш шубҳа карданд, ҳолномааш мегӯяд, ки ӯ рисолаи номзадиашро ҳанӯз соли 1991 ҳимоя кардааст. Ҳимояи рисолаи докториаш соли 2009 сурат гирифтааст. Ин фосила дар дастрасии Диссернет қарор дорад ва мунтазири таҳқиқи ин ниҳод мемонем.
Албатта ҳама муваззаф нестанд русиро бидонанд. Вале вазири маорифи Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар замони шӯравӣ, ки ҳатман бояд бо забони русӣ иншо мешуд ҳифз кардааст. Рисолаҳои доктори ва академикиашро ҳам Нуриддин Саид бо забони русӣ навиштаву ҳимоя намудааст. Аммо русидонии ӯ, ки дар он конфронс сатҳаш муайян шуд, ин андешаро дар зеҳнҳо овардааст, ки бо ин сатҳи забондонӣ чӣ гуна рисолаи докторӣ ва академикӣ навиштааст?
Нуриддин Саид, ки қаблан насабаш Ҷартиев буд, ба курсии вазирӣ 10-январи соли 2012 такя зад. Қаблан ӯ каме бештар аз се сол Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро раҳбарӣ карда буд. Тибқи иттилои манбаъ, Нуриддин Саид аз зинаҳои мансаб бо дастгирии бародари раисҷумҳур боло рафтааст.
Ӯ ҳам мисли ҳар вазири дигаре Вазорати маорифро ба манбаъи даромади хонаводагиаш табдил додааст.
Либоси ягонаи мактабӣ
То ба раҳбарии Вазорати маориф расидани Нуриддин Саид ҳам талаботи либоси ягонаи мактабӣ вуҷуд доштанд, вале макотиб танҳо ранги либосро муқаррар мекарданд ва хонандагон онро аз ҷои дилхоҳашон мехариданд. Вале баъди нуриддин Саид мактабҳо аз хонандагон талаб мекарданд, то либосро аз дӯкони муайян харанд ва ё дар корхонаи дӯзандагии муайяне дӯзонанд.
Агар ин талабот дар қисме аз мактабҳо, навоҳӣ ё вилоятҳо ба вуқӯъ мепайвастанд, мешуд тахмин зад, ки ин тиҷорати раҳбари мактаб, ё бахши маориф аст, вале он саросари кишвар ва якбора шурӯъ шуд. Далели дигар ҳам ба он далолат мекунад, ки ин тиҷорат ба вазорати маориф, аниқтараш шахси вазири он таъаллуқ дорад.
Дар маркази Хатлон ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагии Қӯрғонтеппа” фаъолият мекунад, ки 8 июли соли 2014 таъсис ёфтааст ва ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул аст. Бештари мактабҳои шаҳру атрофи он хонандагонашонро муваззаф кардаанд либосҳои мактабиашонро аз ин короҳ харидорӣ кунанд.
Молики ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагии Қӯрғонтеппа” Саидов Мирзо Ҷартиевич — бародари вазири маориф Нуриддин Саид аст.
Таҳсил дар хориҷ
Аввали моҳи апрели соли гузашта намоишгоҳи “Таҳсил дар хориҷ”, ки ширкати “Мултикид” баргузор карда буд ва дар он намояндагони 10 донишгоҳи хориҷӣ, сафирон — аз ҷумла Амрико, Бритониё ва Туркия ширкат доштанд, аз тарафи пулис парокарда карда шуд. Даъвои пулис ҳам ин буд, ки ин намоишгоҳ иҷозати мақомотро нагирифтааст.
????????????????????????????????????
Дертар маълум шуд баргузокунандагони намоишгоҳ иҷозати тамоми ниҳодҳое, ки гирифтани иҷозаашон ҳатмист, доштаанд. Аз ҷумла иҷозаи шаҳрдорӣ ва кумитаи кор бо ҷавонон. Тибқи қонун ҳеҷ иҷозае аз тарафи Вазорати маориф лозим надошт, вале маҳз бо талаби вазири маориф ин намоишгоҳ пароканда карда шуд.
Дертар худи вазири маориф иқрор кард, ки “Мултикид” ягона ширкате нест, ки баста шудааст. Тибқи гуфтаи ӯ ин яке аз охирин ширкатҳои ба хориҷ ба таҳсилбаранда буд, ки баста мешуд. Вазорат “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”-ро ташкил дода таҳсил дар хориҷро дар ин марказ инҳисорӣ кард ва тамоми ширкатҳои дигарро баст.
Ҳоло барои дарёфти иҷозаи таҳсил дар хориҷ тибқи бурсаи давлатӣ бояд аз 1000 то 3000 доллар ришва пардохт кунӣ. Тибқи гуфтаи худи Нуриддин Саид дар соли 2016 ин марказ 4512 ҳазор нафарро барои таҳсил ба хориҷ фиристодааст. Ҳатто бо камтарин нарх волидайн барои фиристодани ин гурӯҳи бузурги донишҷӯён 4,5 миллион доллар ришва додаанд.
Таҳсил дар дохил
Мутаассифона бизнеси вазири маориф бо либоси мактабӣ ва таҳсили донишҷӯён дар хориҷ тамом намешавад. Ва ин ду як ҷузъи бизнеси бузурги Нуриддин Саид ҳастанд.
Ҳар сол мактаби миёнаро дар Тоҷикистон ҳудуди 100 000 нафар хатм мекунанд. Ҳар як аз ин сад ҳазор хатмкунанда муваззаф аст “ҳақ”-и вазири маорифро пардохт кунад. Шаҳодатномаи хатми мактаби миёна дар кишвар аз 50 то 100 сомонӣ (вобаста аз маҳал) нарх дорад. Ба ҳисоби миёна аз фурӯши шаҳодатнома ба хонандагон, ки бояд бепул дода шавад, 7-8 миллион сомонӣ ҷамъ мешавад. Ҳади ақал 40 дарсади ин маблағ ба дасти вазири маориф мерасад, ки ҳудуди 3 миллион сомонӣ аст.
Донишгоҳҳои кишварро бошад ҳудуди 25000 нафар хатм мекунанд ва онҳо ҳам бояд барои диплом аз 50 то 100 сомонӣ пардохт кунанд, ки дар умум ҳудуди 2 миллион сомонӣ мешавад.
Нуриддин Саид на танҳо Вазорати маориф, балки хадамотеро ҳам, ки ин вазоратро бояд назорат кунад, дар даст дорад. Писари ӯ Шоҳин Саидов, ки бо кӯмаки Диссернет машҳур шуд аз 27 апрели соли 2017 ба курсии ноиби раиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ такя задааст. Яъне соҳаеро, ки падараш раёсаташро ба дӯш дорад, назорат мекунад.
Фаъолияти асосии ин хадамот тафтиши мактабу донишгоҳҳо аст. Чуноне ки аксари тафтишҳо дар Тоҷикистон бо “муросо” ва “хурсандии ду тараф”, яъне пардохти ришва ҳал мешавад, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ҳам аз ҳар тафтиш “ҳақи муросо”-и худро дорад. Маблағи умумии ин “ҳақ”, ки хадамот аз мактабу донишгоҳҳо меситонаду онҳо аз волидайни хонандагон ба миллионҳо сомонӣ мерасад. Агар даромад аз диплому шаҳодатномаи хатми мактабро бояд як сол мунтазир шавӣ, тафтишро мешавад дар вақти барои худат муносиб таъин кунӣ.
Соҳаҳои дигар
Шоҳин Саидов, собиқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ шуғли кишоварзӣ ҳам дорад. Ӯ дар ин соҳа соҳиби ҳади ақал як ширкат аст — Кооперативи тиҷоратии “Бобосаид”, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад. 100 дарсади саҳми ин ширкат ба Шоҳин таъаллуқ дорад ва раиси он ҳам амакаш — Саидов Ашур Чартиевич аст.