Рубрики Хабарҳо

ҲНИТ: эҳтимоли зиёди шиканҷаи Шовализода вуҷуд дорад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияе истирдоди Шоҳвализода Ҳизбуллоҳро хилофи меъёрҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башар дониста аз имкони шиканҷаи ӯ изҳори нигаронӣ кард.

Раёсати Олии ҲНИТ даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи узви ин ҳизб будани Шовализодаро рад карда, гуфтааст ӯ танҳо “ҷонибдори ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин ва мунтақиди сиёсатҳои саркубгаронаи ҳукумати Тоҷикистон буд”:

Баёнияи ҲНИТ дар мавриди истирдоди Шовализода ва иттиҳомоти Пракуратураи Генералӣ

Раёсати Олии ҲНИТ аз қазияи истирдоди Шоҳвализода Ҳизбуллоҳ изҳори нигаронӣ намуда, инро як амали мухолиф бо меъёрҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башар медонад, зеро Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар он ҳуқуқи башар риоят нашуда, мақомоти судиаш мустақил нестанд, шиканҷа дар зиндонҳо ва дар марҳалаи тафтиш амалӣ мешавад.

Бинобарин ба эҳтимоли зиёд Шоҳвализода мавриди шиканҷа, зуроварӣ ва муҳокимаи ноодилона қарор бигирад ва мисли ҳолатҳои қаблӣ маҷбур ба додани баёнот алайҳи худ ва дигарон шавад.

Ҳамзамон Раёсати Олии ҲНИТ дурӯғи пахшнамудаи Пракуратураи Генералии ҶТ ро дар бораи узви ҲНИТ будани Шовализода рад намуда, таъкид мекунад, ки ӯ ҷонибдори ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин ва мунтақиди сиёсатҳои саркубгаронаи ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳаргиз узви ҲНИТ набудааст.

Раёсати Олии ҲНИТ
06. 03. 2020

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *