Академияи илмҳои табиии Русия як ихтироъкори тоҷикро барои нақши муассир дар рушди ихтироъкорӣ, таълимот дар мактабҳои олӣ ва ҷавобгӯй будани китобу корҳои илмияш ба меъёрҳои байналмиллалӣ бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст.
Тавре хабаргузории Азия Плюс иттилоъ додааст, Абдусафо Умарҷонов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети металургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон гуфтааст, ки ҳамасола барои медали Нобел ин Академия озмуни байналмилалӣ эълон мекунад, ки имсол байни мутахассисиони кишварҳои пасошӯравӣ ин ҷоиза насиби ӯ шуд.
Умарҷонов гуфтааст дар фаъолияти 35-солаи омӯзгорияш ҳудуди 60 дастурамали омӯзишӣ, мақолаву як манография навишта соҳиби чандин патенти ихтироотӣ аст. Аммо аз 5 китобу дастурамали таълимияш, ки барои омода кардани ихтироъкорони сатҳи ҷаҳонӣ дар мактабҳои олӣ марбутанд, на ҳама рӯйи чоп омадаанд.
Аз Академияи илмҳои табиии Русия гуфтанд то ҷойе дар чопи китобҳояш кӯмаки молӣ мекунанд”.
Умарҷонов афзуд бартарии дастовардаш дар он аст, ки ӯ ба фарқ аз дигар мутахассисони соҳаи фановарӣ барномаҳои таълимиву китобҳоеро таҳия карда аст, ки асосан равишшиносии технологияи назарияи ҳалли масъалаҳои ихтироъкориро меомӯзонад.
Абдусафо Умарҷонов мегӯяд дар ин бахш дарси ҷудогонае нест, вале ӯ чунин методологияи сатҳи ҷаҳониро дар донишкада ба донишҷӯёну ихтироъкорон меомӯзонад, ки мутахассисони кишварҳои беруна низ аз ин кораш хушҳоланд.
Абдусафо Умарҷонов соҳиби беш аз даҳ патенти ихтироъотӣ аст, ки яке аз он “Ҳавозаи панҷараи пахтатозакунӣ” ном дошта, феълан дар яке аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба василаи ин дастгоҳ аз пахта чигитро ҷудо карда пахтаро маҳин мекунанд.
Соли 2009 ӯ беҳтарин ихтироъкори соли вилояти Суғд эълон шуда буд. Соли 2017 низ барои фановариҳои навоварона дар таълими муҳандисон Абдусафо Умарҷонов бо медали тиллои Иттиҳодияи муҳандисони Русия мукофотонида шудааст.
Академияи илмҳои табиии Русия низ дар натиҷаи омӯзиши ихтироъоту корҳои илмияш ба ӯ унвони профессори Академияро дод ва ба узвияти Ассотсиатсияи таълимии муҳандисони Русия қабул кард. Ин Академия ба беш аз 16 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла муҳандисии кишварҳои пасошӯравӣ чунин унвонро додааст.