Сокини шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 6-уми июн худашро дар назди бинои Раёсати молия , аввал бо корд ба шикамаш зада рӯдаҳояшро бурида, сипас ба сараш маводи зуддаргир рехта худро оташ зада буд, имрӯз 8-июн соати 10:30 дар Беморхонаи вилоятии №2-и шаҳри Кӯлоб вафот кард. Аз рӯи гуфтаи табибон 95 фисади бадани марҳум аз оташ осеб дида будааст.”
Дар ин бора хабар дод.
Бино ба манбаъи хабар Абдуллоев Зариф Зубайдуллоевич, сокини маҳаллаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдор, маъруф ба Ҳоҷӣ Зариф ду рӯз боз дар шуъбаи эҳёи бемористони вилоятии №2 дар Кӯлоб қарор дошт, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистанд.
Баъди расонаӣ шудани хабари худсузии Ҳоҷӣ Зариф гуфта шуда буд, ки ин мард яке аз боғчаҳои кӯдаконаи Кӯлобро бо маводи хӯрока таъмин мекард ва «ҷиҳати қарздор мондан аз пардохти ҳаққи маводи хӯрока ҷон ба лаб омадааст.”
Бино ба иттилои хабаргузории «Азия Плюс” Абдуллоев соҳиби нонвойхона будааст. Аммо радиои Озодӣ навишт, ки ду моҳ пеш Абдуллоев муфлис шудааст, вале Раёсати молия пуле, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнагардондааст.
Тибқи маълумоти расонаишуда, идораи молия гуё ба ӯ ваъда додааст, ки таъминотро аз ҳисоби худ анҷом диҳад ва баъдан пулашро медиҳанд. Ҳоҷӣ Зариф аз пули қарз муассисаҳои томактабиро ба хурока таъмин мекунад. Борҳо ба Идораи молия меояд, вале барояш пул барои сарфу харҷи боғчаҳо пешбинишударо намедиҳанд. Шоҳидон гуфтанд, ки аз дари Идораи молия берун шуда, аввал бо якчанд зарби корд худашро захмӣ мекунад ва баъдан худашро оташ мезанад”.