Дастовард: 100 ҳуҷҷати танзимкунандаи дӯстии Тоҷикистону Белорус
“Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид”. Ин натиҷаи сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон аст, ки “Ховар” аз он бо ифтихор гузориш додааст.
Дар ҷараёни сафари раисҷумҳури як кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд ва расонаҳо онро муфассал шарҳ медиҳанд. Аксари вақт маблағи умумии ин шартномаҳо баён мешавад. Барои мисол қабл аз сафари раисҷумҳури Ӯзбекситон Шавкат Мирзиёев ба Амрико маблағи умумии шартномаҳои иқтисодие, ки байни ин ду кишвар имзо хоҳад шуд, се миллиард доллар эълон шуд.
Вале дар гузориши Агентии давлатии “Ховар”, ки тибқи як фармони ҳукумат расонаҳо бояд хабарҳоро аз ин агентӣ дарёфт кунанд, ҳеҷ факту рақаме аз натиҷаи сафари Лукашенко ба Тоҷикистон нест.
Дар ин гузориш, ки 90 дарсадаш ба таърифи “Пешво” ва ҳарфҳои холиву протоколӣ пур шудааст, танҳо як факт оварда шудааст: 15 санад имзо шуд ва шумори санадҳо ба сад расид.
Ба ин қисми хабар, ки гӯё маълумот медиҳад таваҷҷӯҳ кунед:
“Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом кӯчаву хиёбонҳои пойтахт -шаҳри Душанбе қабои идона дошт. Аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус, парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар, шаҳри Душанберо оро медод.
Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир карданд.”
Ва факти ягона аз ин сафар, ки дар ин хабари агентии давлатӣ оварда шудааст:
“Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид”.
Дар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди натиҷаи музокирот бо ҳамтои белорусиаш ҳам ҳеҷ факту рақами мушаххасе гуфта нашудааст. Ба назар мерасад мақомоти кишвар аз сафари Александр Лукашенко ҳеҷ фоидае натавонистанд бардоранд. Дар ҳоле, ки мақомоти ин кишвар бо пешниҳодоти мушаххасе вориди Душанбе шуда буданд.