Рубрики Хабарҳо

Дар ноҳияе, ки аксари корхонаҳояш ба раиси Кумитаи андоз таъаллуқ доранд, маоши мардумро намедиҳанд

Бо гузашти 17 рӯзи моҳи май муаллимони беш аз 15 мактаби ноҳияи Темурмалик моҳонаи худро дарёфт накардаанд. Моҳи Рамазон оғоз шудааст, аммо муаллимону нафақахӯрони ноҳия натавонистаанд ба он омодагӣ гиранд.

Масъулин ба пурсиши муаллимон, ки онҳо бе пул чӣ хел бояд зиндагӣ кунанд, посух додаанд, ки “чизе дар бисотатон доред, фурӯхта хӯред”. Дар ин бора дар як номаи дастаҷамъӣ, ки муаллимону нафақахӯрон ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, гуфта мешавад.

“Имрӯз мо ба бархе аз муассисаҳои дар ин самт дахлдор муроҷиат намудем, аммо бо баҳонаи гуё набудани пули нақд дар буҷаи ин ноҳия ё ин ки напардохтани андози қарздорбудаи ин ноҳия боз моро ноумед намуда, ба қафо баргардонданд” — омадааст дар нома.

Муаллифони нома мегӯянд, аксари корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин ноҳия ба раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода таъаллуқ дорад ва аз он ки ӯ андози ин корхонаҳоро супоридааст, шубҳа мекунанд: “Ногуфта намонад, ки дар ин ноҳия қисми зиёди корхонаҳои истехсолй ба раиси Кумитаи андози Ҷумхурй Н. Давлатзода тааллуқ дорад. Аз ин рӯ ҳеҷ ақли солим намегӯяд, ки мӯҳтарам Давлатзода ба хазинаи давлат андоз супорида бошад.”

Паём қаблан дар бораи маълумот дода буд.

Писраи Давлатзода — Иззатулло Давлатов ҳамроҳ бо амакҳояш Ҳикматулло ва Маҳмадӣ Давлатов ба бизнеси сохтмон машғуланд. Онҳо соҳиби ширкати хусусии сохтмонӣ бо номи Элит-Строй-Сервис ҳастанд.

Ин ширкат чанд бинои истиқоматии нухбагӣ (элитӣ) дар Душанбе ва ноҳияи Темурмалик (зодгоҳи Давлатзода) сохтааст. Алъон Элит-Строй-Сервис ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар гардиши фурӯдгоҳ машғул аст. Ин биноҳо бо супориши ҳукумат сохта мешаванд ва бояд то Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ дар сентябри соли 2018 сохтмонашон ба анҷом расанд.

Ҳамчунин ин ширкат ба меъморӣ ва сохтани биноҳои Кумитаи андоз, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғул аст, ки маблағи ин сохтмонҳо аз буҷа ҷудо мешаванд.

Писари дигари раиси Кумитаи андоз Беҳрӯз Давлатов қаблан бо бародараш дар Элит-Строй-Сервис кор мекард, аммо баъдан ҷудо шуд ва ҶММ-и худашро бо номи Ганҷи Дарё боз кард, ки ба истеҳсоли чипс (шебен), шағал ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст.

Фарзандони Давлатзода чӣ қадар андоз месупоранд, дар дастрасии озод вуҷуд надорад. Аммо ба Паём муяссар шуд маълум намояд, ки ширкати мутааллиқ ба бародари раиси Кумитаи андоз Маҳмади Давлатов бо номи Мармари Панҷрӯд, ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст, дар соли 2016 7000 сомонӣ андоз супоридааст. Ин ширкат то соли 2024 иҷозатномаи фаъолият дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *