Дар рӯзи дуввуми рамазон аксари дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар Душанбе гӯште барои фурӯш надоштанд. Хабарнигори Паём ба панҷ дӯкон рафт ва танҳо дар охирин дӯкон тавонист 3 кило гӯшт харад.
Соати 11-и рӯз ёфтани гӯшт мушкил буд. Сабабашро гӯштфурӯшон дар лимите медонанд, ки мақомот барои фурӯши гӯшт муайян кардаанд: ҳар гӯштфурӯш ҳақ дорад рӯзона танҳо 50 кило гӯшт фурӯшад. Ва ин миқдор дар якуним-ду соат фурӯхта мешавад.
Сабаби фармонро мақомот чунин шарҳ додаанд: ба ҳама расад. Аммо чӣ гуна вақте барои фурӯш лимит ҷорӣ мекунанд, ба ҳама мерасад, касе шарҳ надодааст.
Гӯштфурӯшон мегӯянд баъди ҷорӣ шудани лимити фурӯши гӯшт маҷбур шуданд нархро се сомонӣ боло баранд. Агар қабл аз рамазон гӯшт 37 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 40 сомонӣ шудааст. Чун фурӯши 50 кило гӯшт дар рӯз масрафи онҳоро Намепӯшонад.Онҳо мегӯянд бояд пули иҷора, пули барқ, андоз ва боз чандин идораи дигарро пардохт кунанд. Ҳатто “ҳақ”-и нозири минтақавӣ ва чанд роҳзани қонунии дигарро.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияш бо зиёиён даъват кард дар рамазон нархро боло набаранд ва ба мақомот супориш дод, то нархро назорат кунанд. Дахолати мақомот бошад баръакс, боиси кам ушдану боло рафтани нархи гӯшт шуд.
Яке аз ин гӯштфурӯшон гуфт “касе намехоҳад дар рамазон нарх арзон шавад. Ин гапҳо ҳамааш рекламаи худашон. Ба нафъи тамоми тафтишгарон аст, ки бор камчин ва нарх гарон бошад, то ки бо ҳамин баҳона аз фурӯшандаҳоро ҳақи худро ситонанд”.
Ӯ пешниҳод кард “агар давлат воқеъан мехоҳад ба мардум дар рамазон кӯмак кунад, ҳамин тафтишгарону нозирону пулситонҳо ба суроғи фурӯшандаҳо наоянд. Ҳаминҳо ҳастанд, ки боиси гаронии нархҳо мешаванд”.