Рубрики Хабарҳо

Қазоқистон хурӯҷи толибони ӯзбекистониро бо оромӣ пазируфт

Муовини Вазири маорифи Қазоқистон хуруҷи толибилмони узбек аз донишгоҳҳои ин кишварро хуб пазируфт ва итминон дод, ки ин раванд ба кори муассисаҳои таълимӣ таъсиргузор нахоҳад буд

Ваазири маориф ва илми Қазоқистон хурӯҷи донишҷӯёни узбек аз донишгоҳҳои кишварашро шарҳ дод.

Ба гуфтаи намояндагони сафорати Узбекистон дар Қазоқистон, сабаби аслии тарки донишгоҳҳои Қазоқистон кардани донишҷӯёни узбекистонӣ, ин зиёд шудани дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ дар худи Узбекистон аст. Дар ин бора Мирас Дауленов, муовини вазири маориф ва илм дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар додааст.

Муовини вазири маориф изҳор намудаст “Тибқи маълумоти мавҷуда, на танҳо донишҷӯёни мамлакати мо, балки як қатор кишварҳои ҳамсоя низ ба донишгоҳҳои Узбекистон интиқол дода мешаванд. 

Ёдовар мешавем, чанде қабл Вазорати маорифи Узбекистон далели баргардонидани шаҳрвандони кишварро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон тавзеҳ дода буд. Онҳо гуфтаанд, ки танҳо ба донишҷӯён имконият ё шонс медиҳанд, то ба донишгоҳҳои ватанӣ бе мушкилӣ баргарданд ва ин амали маҷбурӣ нест.

Узбекистон далели ин пешниҳодро чунин тавзеҳ медиҳад: волидон шикоят кардаанд, ки ба донишҷӯёнашон пул интиқол дода наметавонанд, ё бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар феҳристи миллии Узбекистон нест ва масъалаи корбурди дипломи ин донишгоҳҳо дар кишвар зери суол меравад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *