Рубрики Хабарҳо

Тарҳи ҳамлаи террористӣ ба 10 масҷид дар 10 иёлати Олмон хунсо шуд

Полиси Олмон аз кашфи як гурӯҳи террористии ростгаро хабар додааст. 12 нафар дар иртибот бо ин гурӯҳ дар шаҳрҳои мухталифи Олмон дастгир шудаанд. Ин гурӯҳ тасмим дошта ба таври ҳамзамон ба намозгузорон дар 10 масҷид дар 10 иёлати Олмон ҳамла кунад. 

Расонаҳои Олмон хабар аз кашфи як гурӯҳи террористии ростгаро дар ин кишвар додаанд. Барномаи террористии ин гурӯҳ барои ҳамла ҳамзамон ба чандин масҷид дар шаҳрҳои мухталифи Олмон хунсо шудааст. Дар ҷараёни тафтиши манзилҳои аъзои ин гурӯҳ, ки аъзои он ҳамагӣ шаҳрвандони Олмон ҳастанд, силоҳҳои гарм ва аз ҷумла мусалсалҳои (автомат) дастсоз ва норинҷак кашф шудааст. 

Гуфта мешавад, ки аъзои ин гурӯҳ борҳо дар бораи иҷрои барномаи террористии худгард ҳам омада буданд. Ин дар ҳоле аст, ки полиси Олмон муддатҳо пеш ба ин гурӯҳи машкук шуда ва муколимоти онҳо шунида мешудааст. Афзӯн бар он, як маъмури полис низ ба ин гурӯҳ нуфуз карда ва иттилоотро дар ихтиёри мақомоти амниятии Олмон қарор медодааст. 

Ҳамла ба намозгузорон 

Барномаи ин гурӯҳи террористӣ, ҳамлаи ҳамзамон ба намозгузорон дар 10 масҷид дар 10 иёлати Олмон будааст. Ин гурӯҳ барои анҷоми ин кори тадорукотиро низ фароҳам карда буд. 

Дар ҳамин иртибот полиси Олмон иқдом ба дастгирии 12 нафар кардааст. Гуфта мешавад, ки чаҳор нафар аз афроди дастгиршуда аз аъзои аслии ин гурӯҳ буда ва ҳашт нафари дигар низ вазифаи пуштибонӣ ва таъмини молии фаъолияти ин гурӯҳ ва таҳияи силоҳро бар ӯҳда доштаанд. 

Ин гурӯҳ ҳамла ба масоҷидро бар асоси улгуи ҳамла ба масоҷиди шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав дар 15 марти 2019 тарроҳӣ карда буд. Ҳадаф аз ин иқдом мутазалзил кардани назми иҷтимоӣ дар Олмон ва эҷоди як ҷанги дохилӣ байни мусулмонон ва масеҳиён дар ин кишвар будааст. 

Сардастаи ин гурӯҳи террористӣ, фарди ба номи Варнер Ас будааст. Ин фарди 53 сола ҳафтаи гузашта дар нишасти аъзои ин гурӯҳ ҷузъиёти марбут ба ҳамла ба масоҷидро бо онҳо дар миён гузошта буд. 

Ин афрод дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ алайҳи мусулмонон ва ҳамчунин алайҳи нерӯҳои зиддии фошистӣ дар Олмон матолибе мунташир карда буданд. 

Бояд ёдовар шуд, ки мусалсали дастсози кашфшуда дар тафтиши манозили аъзои ин гурӯҳи террористӣ монанди ҳамон силоҳе аст, ки фарди муҳоҷим ба маркази ниёиши яҳудиён дар шаҳри Ҳолаи Олмон истифода карда буд. 

Рӯзномаи “Алт ам зунтог” дар гузориши худ дар бораи кашфи ин гурӯҳи террористӣ эълом кардааст, ки ин гурӯҳ бо гурӯҳи “сарбозони авдин” дар иртибот будаанд. Гурӯҳи ростгарои “сарбозони авдин” дар соли 2015 дар Финляндия шакл гирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *