Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, дар соли гузашта 161 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро дастгир кардаанд, ки 8 нафари онҳо аъзои ҲНИТ ҳастанд.
Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, қисми бештари ин афрод ба узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ҳаракати “Салафия” ва инҷунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
ҲНИТ қаблан эълон крада буд фаъолияташ дар Тоҷикистонро қатъ кардааст. Ин ҳизб ба изҳороти вазири корҳои дохила ҳанӯз вокуниш накардааст.
Ба қавли Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 161 нафаре, ки ба узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳам мешаванд, 50 нафарашон дар хориҷа дастгир шуда, ба кишвар оварда шудаанд. Нисфи боздоштшудаҳо, ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, ҷавон ҳастанд.
Раҳимзода шумори афроди дастгиршударо чунин баршумурд:
81 узви “Давлати исломӣ”, 54 узви “Салафия”, 8 узви ҲНИТ, 3 увзи “Ҷамоати Ансоруллоҳ,
2 узви “Ҳаракати исломии Туркистон”, 1 узви “Ал-Қоида” 1 узви Толибон.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодиҳои мазҳабиро дар кишвар маҳдуд мекунад. Интиқоде, ки мақомот онро рад мекунанд.
Тибқи омори вазири корҳои дохилӣ масъулони ин ниҳод дар соли гузашта аз 2 талоши анҷоми амалҳои террористӣ пешгирӣ кардаанд. Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД гуфт, ҳардуи ин амалҳо аз ҷониби пайравони гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба нақша гирифта шуд.
Ба гуфтаи Ҳафиззода, афроди боздошшуда мехостаанд амалҳои худро дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ анҷом диҳанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Шодӣ Ҳафиззода низ дар бора ин ҳамлаҳо ҷузъиёт надод.
Соли гузашта дар Тоҷикистон ду ҳодисае рух дод, ки мақомот онҳоро амали террористӣ гуфтанд. Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар моҳи май ва ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар моҳи ноябри соли 2019, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳардуи онро ба уҳда гирифт. Вале гурӯҳ ё созмонҳои мустақил ҳанӯз имкони таҳқиқи бетарафонаи ҳодисаҳоро надоранд.