Сешанбе, 15 май, хамзамон бо Рӯзи Фирдавсӣ, дар толори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон китоби тозанашри Гулрухсори Сафӣ – шоири саршиноси тоҷик ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ, шоири мардумии Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд. Ин маҳфил бо ҳамкории Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва бо ҳузури ҷамъе аз шоирон, нависандагон, ҳунармандон, пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва дӯстдорону алоқамандони шеър баргузор шуд.
Дар оғози ин маҳфил ҳозирон бо як дақиқа сукут, ёди Бозор Собир – шоири соҳибноми тоҷикро, ки рӯзи қабл дар Душанбе ба хок супурда шуд, гиромӣ доштанд.
Дар идома ба меҳмонони маҳфил, китобҳои «Чароғи сурхи танҳоӣ» – маҷмӯъаи рубоиҳо ва дубайтиҳои Гулрухсор ва «Шеъристон» – маҷмӯъаи ашъори шоирони муосири Эрон, аз тозаҳои нашри Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ эҳдо шуд. Пас аз хайра мақдам гуфтани Гулрухсори Сафӣ ба меҳмонон, Ато Мирхоҷа – муовини Иттиҳодияи нависандагон интишори китобҳои тоза аз ин шоири боном ва маҳбуби тоҷикро рӯйдоде нек арзёбӣ кард ва онро барои хонандаи тоҷик таҳният гуфт. Вай зимни ин ки ба дасти алоқамандон расидани китоби «Чароғи сурхи танҳоӣ»-ро коре арзишманд донист, аз ёфтаҳои тозаи ин суханвар гуфт ва таъкид кард тамоми зебоӣ, рангу бӯ ва техники рубоиҳои Гулрухсор аз шеъри мардумӣ маншаъ мегирад. Ато Мирхоҷа дар поёни суханони хеш гуфт: «Барои устод Гулрухсор саломатӣ ва дастовардҳои тоза орзу мекунем ва умедворем ин ҳамкориҳои бисёр хуб бо Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ идома дошта бошад».
Дар идомаи маҳфили рӯнамоӣ, Гулрухсори Сафӣ гуфт: «Имрӯз рӯзи бузург барои ҳамаи мост: рӯзи шоиртарин ва ҳакимтарин суханвари мо Фирдавсии бузургвор аст. Ин рӯзро барои ҳамаи шумо табрик мегӯям ва баргузории маҳфили моро дар ин рӯз фоли нек медонам». Хонуми Гулрухсор зимни пардохтан ба мавзӯъи аслии ин маросими рӯнамоӣ, ёдовар шуд: «Порсол Ато Мирхоҷа пешниҳод кард, то базми шеъре баргузор бикунем ва ба тозаҳо ва ёфтаҳо дар шеър бипардозем. Он замон посух додам дасти холӣ муносиби ин кор нест ва бигузорем барои фурсате муносибтар. Ҷои шукр аст, ки имрӯз дидори шумо бо дасти пур даст дод». Имрӯз ба ҷуз «Чароғи сурхи танҳоӣ», ду китоби дигар бо унвонҳои «Осорнома», мунташиршуда ба ҳамкории Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва «Ватандорӣ бувад оинадорӣ» низ муаррифӣ мешавад. Чизе, ки бароям имтиҳон аст, маҷмӯае аз рубоӣ, дубайтӣ ва байт аст, ки дар айёми Наврӯзи имсол мунташир шуд. Дар ин кор ҳиммат ва заҳмати дӯсти азизамон ҷаноби оқои Ҳасани Қарибӣ – раиси муҳтарами Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ бароям ҷои сипос ва миннатпазирии хос аст; бояд бигӯям, нашри ин китоб ба сурат ва кайфияте, ки дар дасти шумост, бо заҳматҳо ва талошҳои эшон ва ҳамкоронашон анҷом шуд ва дар воқеъ, рӯи манро дар назди дӯстони ҳамзабонам сафед кард, ба ин манзур, ки маҷмӯаҳои ашъори пешини инҷониб, ки ба хатти форсӣ мунташир шуда буданд, мутаассифона, ҳамроҳ бо кӯтоҳиҳо ва ғалату нуқс ба даст хонанда ва он ҳам ҳамзабонони мо, расида буданд. Бисёр мехоҳам барои сарсухани вазин ва пурмуҳтавое, ки эшон барои ин маҷмӯа навиштанд, сипоси вежа бигӯям. Ин сарсухан дар воқеъ, гуфторест дар бораи на танҳо шеъри Гулрухсор, ки мурурест дар адабиёти тоҷикон дар сесад соли ахир ва оғози пажӯҳише ҷиддӣ ва тозаву бисёр судманд дар ин замина аст.
Ҳасани Қарибӣ – раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ аз суханронони баъдӣ дар ин маҳфил буд. Вай бо ишора ба тазкираи Малеҳои Самарқандӣ дар бораи равобити фарҳангӣ дар асри Сафавӣ ва пешинаи пайвандҳои шуаро ва фаъолони адабӣ сухан гуфт. Вай дар бораи далоили аҳаммият ва мизони мухотаб дар Тоҷикистон имрӯз афзуд: «Шеъри имрӯзи Тоҷикистон бо ҳар сабку сиёқ ва алорағми уфтухезҳо, ҳамчунон дар қиёс бо дигар кишварҳои форсизабон, ба ҷиҳати омори мухотаби дохилӣ аз бартарии нисбӣ бархурдор аст, ба мизоне, ки метавон аз он ба унвони муҳимтарин сармояи шоирони муосири тоҷик ёд кард. Аз он ҷо, ки шахсан шоҳиди маҳфилҳоишеърхонӣ, бо баъзан қариб ба ҳазор нафар ҷамъият дар толорҳои фарҳангии Тоҷикистон будааст, яке аз далоили иқболи ҷамъият ба шеъри имрӯзи Тоҷикистон, содагии забон ва равонии шеър ва ҳамафаҳм будани он аст, ки дар намунаи осори Мирзо Турсунзода ва ҳатто Абулқосими Лоҳутии тоҷикнишин машҳуд аст». Қарибӣ ҳамчунин, дар бораи ҷараёни ҳамкорӣ дар омода кардани маҷмӯъаи «Чароғи сурхи танҳоӣ» барои чоп, ҷилваҳои ҳунарӣ ва маъноии луғот ба ду хат, ёфтаҳои вожасозӣ ва вожагузинии шоир тавзеҳотеро ироа кард.
Дар идомаи маҳфил Бахтовари Ҷамшед ва Бузургмеҳри Баҳодур – аз шоирони ҷавони тоҷик, намунаҳоеро аз рубоиҳои Гулрухсор ва шеърҳои хеш хонданд.
Доктор Абдурраҳмони Абдулманнон – пажӯҳишгари адабиёт; Абдулҳамиди Самад, нависанда; Саидқул Билол, овозхони шинохта ва раиси гурӯҳи мусиқии «Дарё»; Ойниҳол Бобоназарова – ҳуқуқдон ва фаъоли иҷтимоӣ; Ҷӯрабек Назрӣ – пажӯҳишгари Академияи илмҳои Тоҷикистон дигар суханронони маҳфили рӯнамоии китобҳои Гулрухсор буданд.
Дар поёни нишасти мазбур оқои Ато Мирхоҷа – шоири тоҷик ва муовини Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон гуфт: «Ба намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва бавежа, ҷаноби оқои Ҳасани Қарибӣ ташаккур мекунам, ки бо заҳматҳо ва интишори китоби ҳозир, фурсати як чунин маҳфили зебо ва гармро фароҳам карданд».
Шоёни ёдоварист, Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар пешорӯи Наврӯзи 2018 китоби «Чароғи сурхи танҳоӣ», маҷмӯае аз ашъори Гулрухсори Сафӣ – шоири номошнои тоҷик дар қолибҳои рубоӣ, дубайтӣ ва байтро мунташир кард.
Рубрики
Хабарҳо