Рубрики Pressa

Лутфи Ашӯр Сафар — Pressa.tj


Нашриёти “Адиб” ҷилди дуюми китоби адиби маъруф Гурез Сафар – “Лутфи Ашӯр Сафар”-ро чоп кард. Аз ин китоби тозанашр чанд латифаро манзури шумо мегардонем.

Ба сифат диққат надодем

Аввали солҳои 80-уми асри гузашта Ашӯр Сафар бо як дӯсти деринаш, ки ӯро солҳои зиёде надида буд, вомехӯрад.

– Чанд бача дорӣ?,- дар равиши суҳбат мепурсад аз дӯсташ.

– Шукр, дута!

– Ин қадар кам?!

– Ҳа, каму лекин ҳарду бачаҳои зӯр: яке номзади илм асту дигарӣ сардори як корхонаи калон!,- бо ифтихор ҷавоб медиҳад дӯсташ.- Худат чӣ? Ту чанд бача дорӣ?

– Ман,- каме ба хаёл рафта, мегӯяд Ашӯр Сафар,- ёздаҳто. Калониш муаллими одӣ асту кӣ шудани даҳтои дигар ҳолӣ маълум нест. Мо, домулло,- хулоса мебарорад ӯ,- ба шумора диққат додему ба сифат не.

ва дигарон

Охири солҳои 70-уми асри гузашта, вақте ки донишҷӯ будам, аз падарам Ашӯр Сафар пурсидам:

– Барои чӣ дар рӯзномаҳо гоҳе ки дар бораи шеър менависанд, номи дигар шоиронро меоранду номи шуморо не? Ана, ҳозир ҳам,- ишора кардам ба рӯзномаи дастам,- боз номатонро нагирифтанд.

– Ку, бихон!

– «… Ин мавзуъ дар ашъори Фалонӣ, Бисмадонӣ… ва дигарон хеле барҷаста инъикоси худро ёфтааст».

– Ана ва дигарон дорад-ку!,- посух доданд падарам.- Дар ҳамин ва дигарон мо ҳам ҳастем.

Шарти ҷӯрагӣ

Аз Ашӯр Сафар мепурсанд, ки асрораш дар чист, ки солҳои зиёд бо Бурҳон Ғанӣ ҷӯрагии сахт дореду қил аз миёнатон намегузарад?

– Мо бо шарт ҷӯра шудаем,- мегӯяд Ашӯр Сафар ва шарҳ медиҳад,- шарти ҷӯрагии мо ҳамин аст, ки на ман бояд хонаи ӯ раваму на ӯ хонаи ман биёяд. Ана ҳамин шартро, ки риоя мекунем, дӯстиямон тӯлониву осебнопазир аст.

Солҳои охир шарти ҷӯрагии ин ду адиби ҳаҷвнигор вайрон шуд ва онҳо хонаи ҳамдигар мерафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *