Дархост Кувайт барои анҷоми таҳқиқоти мустақил аз сӯи Шӯрои амнияти созмони милал, ҷиҳати баррасии куштори Исроил дар Фаластин тавассути Амрико рад шуд.
Кувайт ҳамчунин дар робита бо мавзӯъи мазкур, хостори баргузории як нишасти изтирорӣ аз сӯи аъзои Шӯрои амният шуд.
Гуфтанӣ аст, даҳҳо ҳазор Фаластинӣ дирӯз дар тазоҳуроти миллионии «бозгашт» алайҳи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс ва ҳафтодумин солгарди Рӯзи накбат ширкат карданд.
59 фаластинӣ дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба ширкаткунандагон дар тазоҳурот мусоламатомез шаҳид ва 2 ҳазору 771 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.