Рубрики Хабарҳо

Ихроҷи даҳҳо дипломати рус аз кишварҳои узви НАТО ва вокуниши Русия

Фаронса, Олмон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Эстония ва дигар кишварҳои аврупоӣ эъломи ихроҷи дипломатҳои рус дар посух ба заҳролудкунии собиқ ҷосуси ГРУ Сергей Скрипал дар Солсберии Бритониёро карданд.

Фаронсаву Лаҳистон 4-нафарӣ дипломати русро ихроҷ мекунанд, Чехиё ва Литва 3-нафарӣ. Донморку Итолиё аз ихроҷ кардани 2-нафарӣ дипломат хабар доданд. Латвия, Эстония ва Финланд 1 нафарӣ дипломати русро аз хокашон берун карданд.    

Ҳамчунин Украина аз ихроҷи 13 дипломати рус хабар дод. Дар ҳамбастагӣ бо Бритониё Канада ҳам ихроҷи 4 дипломати русро эълом кард.

ИМА бошад 60 дипломати русро берун карда, аз бастани консулгарии Русия дар Сиэтл хабар дод.

Президенти Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск дар нишасти хабариаш эълом кард, ки ИА Русияро дар заҳролудкунии Сергей Скрипал ва духтараш Юлия тавассути гози тахрибкунандаи асаб дар санаи 4 марти 2018 гунаҳгор медонад. Ӯ қайд кард, ки 14 кишвар тасмим гирифтаанд дипломатҳои русро ихроҷ кунанд.

Русия ваъда кард ба ин “иқдоми носанҷидаи ҳамбастагӣ бо Лондон” посухи муносиб гӯяд. “Мо ин тасмимро ғайридӯстона меҳисобем, ки бидуни муайянкунии сабаб ва адами ҷустуҷӯи гунаҳкорони ҳодисаи 4 март дар Солсбери гирифта шудааст” — омадааст дар баёнияи ВКХ Русия.

Сергей ва Юлия Скрипал дар Солсбери, ки собиқ ҷосуси ГРУ чанд соли охир онҷо мезист 4-уми март заҳролуд карда шуданд. Юлия Скрипал барои дидани падараш ба Бритониё рафта буд. Маълумоти пурра дар бораи ҷараёни ин заҳролудкунӣ ҳанӯз нашр нашудааст.

Бритониё  таъкид мекунад, ки Скрипалҳо тавассути гози тахрибкунандаи аъсоб бо номи “Новичок”, ки дар ИҶШС сохта шудааст, заҳролуд гардидаанд. Русия ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки он собит нашудааст.

Дар посух ба ин заҳролудкунӣ, Бритониё эълон кард 23 дипломати русро ихроҷ мекунад. Русия ҳам дар посух ҳамин миқдор дипломатҳои Бритониёиро ихроҷ кард ва фаъолияти Шӯрои Бритониё дар хоки Русияро боз дошт.

Юлия ва Сергей Скрипал то ҳол дар ҳолати хеле вазнин дар бемористон қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *