Рубрики Хабарҳо

Таътили якмоҳаи мактабҳои Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таътили замистонаро 31 рӯз эълон кард.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, Вазорати маориф ва илми кишварамон аз 1ум то 31-уми январи соли 2018-ро барои муҳассилини муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ рӯзҳои истироҳатӣ эълон кард.

Манбаъ меафзояд : “Дар давраи таътил ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки хонандагонро ба олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ омода намоянд. Омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд. Хонандагон бояд бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *