Рубрики Хабарҳо

Маркази савдои Осиё дар Бозори «Султони кабир»ба коми оташ рафт (Видео)

Бинои навсохти маркази савдои Осиё дар бозори «Султони кабир»-и пойтахт оташ гирифта, молу колоҳои тоҷирон ба коми оташ рафт.

Дар ин бора, як корбари  шабакаи иҷтимоъии Фейсбук аз рафти сухторхомушкунӣ навореро нашр карда мегӯяд, айни ҳол даромадан ба дохили бозор ниҳоят хатарзо буда, тоҷирон наметавонанд молу колоҳои худро аз коми оташ наҷот диҳанд.

Дар навор дида мешавад, ки кормандони идораи сухторхомушкунии Вазорати ҳолатҳои фавқулода, бо обпошакҳо кӯшиш  карда истодаанд, то оташро хомуш кунанд. Аммо алангаи оташ дида мешавад, ки то рафт бузургтар мешавад.

Дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест.

Пожар на рынке Султони Кабир (02.06.2018) От чего произошло возгорание пока не известно, также не известно и о том, какой ущерб нанес огонь. Однако о пострадавших людях на данный момент информации нет.

Posted by on Saturday, June 2, 2018

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *