Аз аккредитатсия нашудани чанде аз хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон як вакили баландпояи амрикоӣ зҳори ноумедӣ кардааст.
Ҷим Рич, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико рӯзи 13-уми апрел дар саҳифаи ин кумита дар Твиттер навиштааст: “Ман аз он ноумед шудам, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон масъаларо ислоҳ накардаанд. Тоҷикистон бояд ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва вазифаҳои конститутсиониаш дар назди матбуоти озодро иҷро кунад ва ба тамоми кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия бидиҳад, то онҳо тавонанд озоду амн фаъолият кунанд.”
Ибрози ноумедии Ҷим Рич дар ҳоле аст, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, то кунун ба 8 нафар аз кормандони Радиои Озодӣ, аз ҷумла мудири муваққатии намояндагии он дар Тоҷикистон акрредитатсия ва ё парвонаи кор надодааст.
Радиои Озодӣ менависад, бо вуҷуди дархостҳои батакрор дар бораи иҷозаи фаъолият ба чанде аз хабарнигоронаш ҳеҷ посухе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нагирифтааст.
Ҷим Рич мегӯяд, дуруст ҳал нашудани масъалаи фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ метавонад “аксуламале дар тақвияти муносибатҳо миёни Амрико ва Тоҷикистон” ба вуҷуд орад.
Ҷеймӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ ҳам рӯзи 30-юми март ба Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумат барои дахолат дар фаъолияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳори ноумедӣ кард. Ҷеймӣ Флай надодани аккредитатсия ба ин ё он хабарнигори Радиои Озодиро талоши мақомот ба интихоби кормандон ва назорат ба гузоришҳои он номид.
Ҳамчунин Салими Аюбзод, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ бо нашри як матлаби кӯтоҳ дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон ҳоло ба 8 корманди ин радио иҷозатномаи кор намедиҳанд
Дар гузашта, вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико, Намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Умури Матбуот ва дигар созмонҳои ҳомии озодии баён дар дохил ва хориҷ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки акредитатсияро ба ҳайси абзори фишор ба хабарнигорон ва таъсир гузоштан ба фаъолияти онҳо истифода набарад.