Тасмими мақомоти Тоҷикистон оиди таъсис комиссияи махсус барои ҷамъоварии фитри рӯза ба вокуниши тунди мардум ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ мувоҷеҳ шуд.
Ҳукумат ба мардум “тавсия” додааст фитри рӯзаи худро ба масоҷид супоранд. Масҷидҳо бошда муваззаф гаштаанд ин маблағҳоро ба комиссияи таъсисдодаи ҳукумат супоранд, то комиссия онро байни нодорону мӯҳтоҷон тақсим намояд. Ин тасмим аз замони эълонаш ба вокуниши манфии мардум мувоҷеҳ шуд. Вақте имомхатибон дар масоҷид аз ин тасмим мардумро огоҳ карданд, аксар ба шӯр омаданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баҳси фитри рӯза чанд рӯз аст, ки идома дорад. Муҳаммадиқболи Садриддин, олими дин ва фаъоли иҷтимоӣ аз мардум даъват кардааст ба ҳеҷ ваҷҳ садақаи фитри худро ба ҳукумат надиҳанд: “Ба кормандони масоҷид, намояндагони “маркази исломӣ”,кумитаи зидди динӣ,мақомоти дигар як дирам фитри рӯзаи худро надиҳед.Садақаҳои фитри худро ба камбағалон ва нодороне, ки ин режим онҳоро ба ин ҳол овардааст бидиҳед” — навиштааст ӯ.
Бештари корбарон ин тасмим ҳукуматро ба боди масхара гирифтаанд. Намунае чанд аз ин навиштаҳо:
Омар Амониён, фаъоли тоҷики муқими Утриш: “Ба муфтиёт хотиррасон мекунам, ки фикри закотро ҳам кунад ва чи хеле, ки камбағалонро рӯйхат мекунеду аз онхо фитрро меруёнед, ҳамин гуна қишри бойҳои ба нисоб расида ва ким кай марзи Қорунро гузаштаро ҳам мардонавор рӯйхат карда, аз онҳо закот руёнед ва ба мискинон таксим кунед.
Аммо… шумо наметавонед!”
Сӯҳроб Одинаев: Садақа ба мискинон дода мешавад. Ба мискин будани ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамеша даст ба сӯи кишварҳои садақадеҳ дароз кардааст, шаке нест. Барои ҳамин садақаҳоятонро ба ин ҳукумати мискин диҳед. Ба ҳисобҳои офшории инҳо чанд милларди дигар намерасад.
Азиз Нақибзод, рӯзноманигор: Нохост оморхо ба сифр баробар мешаванд… Нохост асрори вазъи иҷтимоии кишварро фош мекунем.
‘Ба раисони маҳаллаҳо фитри рӯза дихед’, аз хамин нохостҳост.
Вакте ки чашми мақомот ба 5 сомонии фитри рӯза дӯхта мешавад, ҷуз оқибаташ ба хайр шавад, гуфтан чорае намемонад.
Бобоҷон Қаюмзод: оё он ҷавонони зери 18 -сола ҳам бояд фитри рӯзаашонро ба шумо супоранд? Як бор андеша кунед, ки бо кадом рӯй аз навҷавоне, ки рафтанашро ба масҷид манъ кардаед фитри рӯза талаб мекунед?