Раисҷумҳури Амрико ва раҳбари Кореяи шимолӣ тайи дидори таърихӣ дар Сингапур гуфтугӯи дуҷониба анҷом доданд.
Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун раҳбари Кореяи шимолӣ тайи дидори таърихӣ дар Сингапур 38 дақиқа гуфтугӯи дуҷониба анҷом доданд.
Танҳо як мутарҷим дар ин дидор онҳоро ҳамроҳӣ кард. Сипас раҳбарони ду кишвар пеш аз дидор бо ҳайатҳо ба суолоти хабарнигорон посух доданд.
Трамп дар посух ба суолоти хабарнигорон изҳор дошт: ин иҷлоси бисёр хуб пеш меравад. Бархе мушкилотро бо ҳамкории якдигар ҳал хоҳем кард.
Раҳбари Кореяи шимоль низ изҳор дошт: бисёре аз мардуми ҷаҳон фикр мекунанд ин дидор мисли филми тахайюлӣ аст.
Ким Чен Ун ба суолҳои хабарнигорон дар заминаи халъи силоҳи ҳастаӣ дар Кореяи шимолӣ посух надод.
Дидори раҳбарони Амрико ва Кореяи шимолӣ ба ҳамроҳи ҳайати дипломатик ба муддати ду соат ба тӯл анҷомид.
Дар ин нишаст Майк Помпео вазири умури хориҷа, Ҷон Коллӣ раиси коркунони Кохи Сафед, ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико Трампро ҳамроҳӣ карданд.
Раҳбари Кореяи шимолӣ ва раисҷумҳури Амрико пас аз дидор бо ҳайати ҳамроҳ ба сурфаи наҳори корӣ рафтанд.
Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед ва Сунг Ки У сафири Сингапур дар Амрик ва Мит Потингер мудири бахши Осиё дар Шӯрои амнияти миллии ин кишвар низ дар ин наҳори корӣ ҳузур ёфтанд.