11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Мактаби байналмиллалӣ бе статуси байналмиллалӣ

Давоми панҷ соли фаъолияти худ мактаби байналмиллалии президентӣ (IPS) натавонист аккредитатсияи Шӯрои макотиби байналмиллалиро ба даст оварад.

Узвият дар Шӯрои макотиби байналмиллалӣ имкон медиҳад шиносномаи хатми ин ё он мактаб дар тамоми ҷаҳон эътироф гардад. Ҳамчунин он бо додани дастрасӣ ба китобхонаи байналмиллалӣ ба рушди мактабҳои байналмиллалӣ кӯмак мекунад.

IPS дарҳои худро моҳи сентябри соли 2012 боз кард. Тибқи иттилоъи расмӣ, барномаҳои таҳсилии мактаби байналмиллалии президентӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои донишгоҳҳои машҳури дунё мисли Кембриҷ ва Оксфорд, бо назардошти талабот ва арзишҳои миллии Тоҷикистон таҳия ва қабул шудаанд.

Нархи таҳсил дар ин мактаб солона 3,5 ҳазор доллари ИМА аст. Агар хонанда мехоҳад дар хобгоҳи мактаб зиндагӣ кунад, бояд $1,5  ҳазори дигар пардохт кунад.

Вале дар асл мактаб давоми 5 сол натавонист статуси байналмиллалии худро собит кунад. Барои дарёфти аккредитатсия барномаҳои омӯзишии мактаб бояд ба меъёрҳои байналмиллалӣ мувофиқат карда, омӯзгорон бояд ҳам маҳалӣ ва ҳам хориҷӣ бошанд.

Аммо IPS инҳоро надорад ва бинобар ин Шӯрои макотиби байналмиллалӣ аккредитатсия намедиҳад.

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *