Рубрики Хабарҳо

Машрабов ҷамъоварии маблағ аз савдогарони «Корвон»-ро рад кард

Роҳбарияти бозори яклухтфурӯшии “Корвон” маълумот дар бораи аз соҳибкорон ҷамъоварии маблағро барои корҳои таъмиру навсозии он рад кард. Роҳбарияти бузургтарин бозор дар ҷумҳурӣ мегӯяд, овозаҳои дар ин робита ҷойдошта ягон асоси воқеӣ надоранд.

Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо нақл аз роҳбарияти Корвон иттилоъ додааст. 

Ҳалима Мавлонова, роҳбари ин бозор ба хабаргузорӣ бо изҳори норизоиятӣ аз шикояти тоҷирон гуфтааст, “мавқеи расмии мо чунин аст, ки нақшаи таъмиру навсозӣ 24-уми январи соли равон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тасдиқ шуда, мувофиқи он, раҳбарияти бозор барои васеъ кардани роҳҳо, сохтмони таваққуфгоҳи бисёрошёна барои мошинҳо ва ба тартиб овардани боғу гулгаштҳо бояд 72 манзили воқеъ дар гирду атрофи бозорро харад”.

Роҳбари  ҶДММ “Бозори Корвон” гуфтааст, бозораш сарфи назар аз маблағе, ки ба ин лоиҳа сарф мешавад, мустақилона ва бидуни дастгирии соҳибкорон корҳои таъмиру навсозиро анҷом медиҳад. То имрӯз аз ҷониби маъмурият ҳеҷ талаби ҷамъ кардани маблағ аз соҳибкорон барои анҷоми ин корҳо нашудааст”

Сарвари бозор таъкид кардааст, ки маъмурият соҳибкоронеро, ки бо онҳо шартнома бастааст, бо нуқтаҳои фурӯш таъмин мекунад.

Дар ҳамин ҳол  Нуршед Машрабов, молики бозори “Корвон” ба хабаргузорӣ гуфтааст, дар бозор ду категорияи соҳибкорон – савдогарон ва иҷорагирони фаръӣ (субарендаторҳо) фаъолият мекунанд. Маҳз иҷорагирони фаръӣ мушкили зиёд эҷод мекунанд. 

Молики бозор ба онҳо пешниҳод кардааст, ки шарику саҳмиядори бозор шаванд, лекин на ҳамаи онҳо инро пазируфтаанд. Гуфта мешавад айни замон бо онҳо гуфтушунид ҷараён дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *