Рубрики Хабарҳо

Урдуғон ва ҳизбаш дар интихоботи Туркия пирӯз шуданд

Раисҷумҳури феълииТуркия Раҷаб Таййиб Урдуғон бо касби 52,5 дарсади овозҳи интихобкунандагон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд.

Шумориши 99,2 дарсади овозҳо нишон медиҳад, ки Урдуғон пирӯзи интихобот дар даври аввали  он гардида рақиби асосиаш Муҳаррам Инҷӣ 30,7 дарсад овоз гирифтааст.

Номзади курдгарои ин интихобот Салоҳиддин Демиртош, ки дар зиндон қарор дорад ва аз онҷо бар мубориза барои курсии раёсатҷумҳурӣ ширкат мекунад, 8,4 дарсад ва ягона зан-номзади ин интихобот Мерал Аксенер 7,3 дарсади раъйи мрадуми Туркияро соҳиб шудаанд.

Якҷоя бо интихоботи раёсатҷумҳури интихоботи парлумонӣ ҳам баргузор гардиданд, ки дар он ҳизби Урдуғон — Адолат ва тавсеъа аксари раъйҳоро ба даст овард. Ин ҳизб 42,5 дарсад, Ҳизби ҷумҳурии халқ 22,7, Ҳизби демократики халқҳо 11,6, Ҳизби миллигаро 11,1, Ҳизби хуб 10 ва ҳизби Саодат 1,4 дарсади овозҳои мардумро соҳиб шуданд.

Ҳизби адолат ва тавсеъа дар эътилоф бо Ҳизби миллигаро вориди интихобот шуда буд, ки дар натиҷа ин эътилоф аксари кулли раъйҳо —  53,6 дарсадро ба даст овард.

Эътилофи дигар, ки аз аҳзоби Ҷумҳуриии халқҳо, Демократики халқҳо ва Саодат шакл гирифта буд 34 дарсад овоз гирифт.   

Соли гузашта дар як назарпурсии умумимиллӣ Туркия бо тағйири сарқонунаш аз идораи парлумонӣ ба идораи президентӣ гузашта буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *