Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфт, Теҳрон ба тамомияти арзии Укроин аҷр мегузорад ва аз Маскав даъват мекунад, ки ба ҷанг «бо муколамаи сиёсӣ» хотима диҳад. Дар ин бора рӯзи 17 июл оҷонсии эронии Nournews хабар додааст.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, тамомияти арзии ҳар як давлат бояд дар меҳвари ҳуқуқи байналмилалӣ қарор дошта бошад.
«Дар мавриди Укроин, мо ба тамомияти арзии ҳар як кишвар, аз ҷумла Укроин бовар дорем, ки ин бояд авлавияти аввалиндараҷаи ҳамаи кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ бошад ва албатта мо ба поёни ҷанг тавассути муколамаи сиёсӣ таъкид мекунем», — гуфт Абдуллоҳиён.
Изҳороти дипломати эронӣ дар пасманзари вазъ дар атрофи Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс садо дод. Ҳарф аз он аст, ки дар паи натоиҷи муколама дар чаҳорчӯби ШҲКАХ ҷониби Русия, ки дар он ширкат дошт, изҳорот дар бораи мақоми се ҷазираи назди гулӯгоҳи Ҳурмузро имзо кард, ки Эрон онҳоро моли худ медонад.
Воқеан, Федератсияи Русия санадеро имзо кард, ки дар он дар бораи ин ҷазираҳо мавқеъгирӣ шудааст ва Теҳрон онро комилан қабул надорад.