Панҷ тан аз вазирони собиқи беҳдошт ва шуморе аз пизишкони эронӣ тайи номае ба Ҳасан Рӯҳонӣ хостори қатъи занҷираи ибтило ба коруно дар ин кишвар шуданд.
Панҷ тан аз вазирони собиқи беҳдошт ва шуморе аз пизишкони эронӣ тайи номае ба Ҳасан Рӯҳонӣ хостори “таътили идораҳои ғайризарур ва контроли хурӯҷи шаҳрҳо” ба манзури қатъи занҷираи ибтило ба коруно дар ин кишвар шуданд.
Дар бахше аз ин нома омадааст: Таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои илмӣ дар муқобилаи муваффақ бо бемории коруно ва ҷамъбандии мушоҳидоти болинӣ ва таҷрибаҳои илмии мо пизишкон фавқи тахассуси шуш ва мутахассисони дохилӣ ва уфунӣ, мутмаинтарин роҳи контрол ва коҳиши ин беморӣ ва наҷоти кишвар аз вируси манҳуси коруно, қатъи занҷираи тамоси афроди солим бо афроди бемор ва ноқил аст, ки лозимаи он маҳдуд кардани тараддудҳо ва мусофиратҳо ва таътили занҷираи ғайризарурӣ ва марокизи хариди бузург ва пуриздиҳом ва контроли мабоди вурудӣ ва хурӯҷи шаҳрҳо аст. Боқи мондани шароити феълии зиндагии мардум ва давомёбии рафту омадҳои ғайризарурӣ натиҷаҳои ҷуз вахомати авзоъ нахоҳад дошт.
Вазирони собиқи беҳдошт ва шуморе аз пизишкони эронӣ дар идома овардаанд: Тавсияи мо ба унвони пизишкони мутахассиси ин ҳавза ин аст, ки бо фаврият аз ҳамин имрӯз ҳадди ақал ба муддати 15 рӯз куллияи дастгоҳҳои ғайри изтирорӣ ва касбу корҳои ғайризарур ба таври комил таътил шавад ва танҳо марокизи тавлидӣ ва фурӯшгоҳҳо ва марокизи тавзеъи маводи ғизоӣ ва доруӣ он ҳам бо риояти комил ва сахтгиронаи стандартҳои беҳдоштӣ ба фаъолияти рӯзонаи худ идома диҳанд ва бо қотеъият ҷилави тараддудҳо ва мусофиратҳои ғайризарурии шаҳрӣ ва байни шаҳрӣ гирифта шавад.
Ситоди миллии мубориза бо коруно дар Эрон рӯзи гузашта эълом кард: Аз зӯҳри дирӯз то имрӯз 147 нафар аз афроди мубтало ба коруно ҷон бохта ва теъдоди кулли қурбониёни ин беморӣ ба 1135 тан расид. Ҳамчунин аз дирӯз то кунун 1192 нафар олуда ба вирус коруно шиносоӣ шуда ва теъдоди кулли беморон ба 17 ҳазору 361 нафар расидааст.