Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони сирояти коронавирус ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфтааст.
Шоир ба хабаргузории Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонда аст ва бо маслиҳати наздиконаш дар беморхонаи “Истиқлол” бисётарӣ шудааст.
Гулназар Келдӣ гуфтааст, “Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”.