Рубрики Хабарҳо

Туркия пешгоми ҷаҳон дар муқобила бо эпидемияи коруно

Ба думболи шуйӯъи вируси корунои ҷадид “COVID -19”, ки барои нахустинбор дар Чин зоҳир шуд, кишварҳои ҷаҳон низ ба тадриҷ дар ростои муқобила ва пешгирӣ аз пандемаи коруно иқдом ба иттихози тадобир ва аъмоли маҳдудиятҳои мухталиф кардаанд. 

Ин тадобири пешгирона, ки бо бастани марзҳо ва таваққуфи парвозҳои хориҷӣ оғоз шуда буд, бо эъмоли маҳдудияти ҳамлу нақли дохилӣ ва эъломи муқаррароти манъи убуру мурур ва маҳдудияти омадашуд идома ёфт. 

Ҳамчунин ҳамзамон бо афзоиши шумори мубталиён дар кишварҳое, ки бештарин осеб аз коруноро мутаҳаммил шудаанд, дар системи беҳдоштии онҳо низ мушкилоти бузурге барои таъмини таҷҳизот ва маводи пизишкӣ эҷод шуд. 

Бо идомаи ин вазъият, тадобири иттихоз шуда ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шуйӯъи ин вирус бар зиндагӣ рӯзмара ва иқтисод таъсири манфӣ гузошта, аммо барои рафъи ин таъсирот низ иқдомоте анҷом шуд. Давлатҳо бо ироаи кумакҳо ва ҳимоят аз корофаринон ва коркунон талош мекунанд бори сангини коруно бар дӯши онҳоро кам кунанд. 

Бархе аз иқдомот ва тадобири иттихозшудаи давлатҳои 20 кишваре, ки бештарин омори ибтило ба коруно дар ҷаҳонро доранд ба шарҳи зер аст: 

Маҳдудияти сафар ва ҳамлу нақл 

Дар пайи шуйӯъи Ковид нуздаҳ яке аз аввалин вокуниши кишварҳои ҷаҳон бастани марзҳои худ ва таваққуфи парвозҳои хориҷӣ ва маҳдудияти сафарҳои дохилӣ шудааст. Туркия низ дар ин росто марзҳои худро баст ва парвозҳои хориҷиро мутаваққиф кард. Ҳамчунин мусофирати байнишаҳрҳо низ ниёз ба ахзи муҷаввиз аз устондориҳо дорад. Бад-ин тариб муқаррароти маҳдудияти сафар барои муқобила бо густариши вируси коруно дар 31 шаҳр иъмол шуд. 

Ҳамчунин Чин, Эрон, Итолиё, Испониё, Белжик ва Португалиё низ марзҳои худро дар ин росто баст ва муқаррароти маҳдудияти омадушуд дар дохили кишварҳои худ эълом карданд. Амрико, Канада, Бразилия, Русия, Нидерланд, Утриш, Суис (Швейтсария) ва Исроил низ бо ин ки марзҳои худро бастанд, муқаррароти маҳдудияти сафар дар дохили кишварҳои худ эълом накарданд. Англия, Ирландия ва Олмон низ муқаррароти маҳдудияти сафарро эълом накарданд. 

Тадобире ҷиҳати коҳиши фаъолиятҳои иҷтимоӣ 

Ба думболи маҳдудитҳои сафар, иқдомоте ҷиҳати коҳиши фаъолиятҳои иҷтимоӣ матраҳ шуд. Дар ин росто муқаррароти маҳдудияти омадушуд эълом шуд. Дар Туркия муқаррароти манъи убур ва мурур барои солмандон болои 65 сола ва афроди зер 20 сола эълом шуд ва муқаррароти маҳдудияти омадушуд барои 30 калоншаҳр ва устони доғ барои охири ҳафтаҳо иҷро шуд. 

Ҳамчунин дар кишварҳое, ки бо шуйӯъи вируси коруно муқобила мекунанд низ иқдомоти мутафовите анҷом шуд. Дар ҳоле, ки Итолиё, Испониё, Русия ва Ҳинд муқаррароти маҳдудияти омадушуд эълом карданд, Англия, Ирландия ва Чин муқаррароти нисбии маҳдудияти рафту омадро ба иҷро гузоштанд. 

Амрико, Канада, Эрон, Фаронса, Олмон, Белгия, Нидерланд, Суис, Португалиё, Бразилиё, Утриш ва Исроил низ муқаррароти маҳдудияти рафту омад эълом накарданд ва танҳо аз шаҳрвандони худ хостанд то дар хона бимонанд. 

Иқдомоти марбут ба касбу кор 

Туркия дар ин росто ихроҷи коргар ба далели шуйӯъи вируси корунои ҷадид дар ин кишварро ба муддати 3 моҳ мамнуъ эълом кард. Ҳамчунин барои ҳимоят аз ширкатҳое, ки ба таври муваққати маҷбур ба таваққуфи кори худ шудаанд низ кумаки ҳазинаи кори кӯтоҳмуддат ихтисос шудааст. 

Ҳамчунин барои афроде, ки мураххаси бидуни ҳуқуқ гирифта ё наметавонанд аз кумаки ҳазинаи кори кӯтоҳмуддат баҳраманд шаванд ё пеш аз 15 марти соли ҷорӣ ихроҷ шудаанд низ моҳонаи 1177 лира кумак ироа мешавад. Ҳамчунин подоши иди бознишастагон низ як моҳ пеш пардохт шуд. 

Испониё, Итолиё, Фаронса, Олмон ва Бразилиё низ монанди Туркия монеъи ихроҷи коргарон дар ин муддат шуд. Амрико, Англистон, Чин, Эрон, Белгия, Русия, Канада, Нидерланд, Суия, Утриш, Португалиё, Ҳинд, Ирландия ва Исроил низ дар ин замина иқдоме накарданд. 

Ба ҷуз Туркия ва Фаронса ҳеҷ кадом аз ин кишварҳо барои бознишастагон пардохти изофӣ надоштаанд. Танҳо Ҳинд ба сандуқҳои бознишастагии фуқаро кумаки молӣ ихтисос дод. Туркия, Англия ва Русия ба далели ин беморӣ ҳуқуқи солмандонро ба хонаҳои худ расонданд. 

Тадобир дар систем ва Созмонҳои беҳдоштӣ 

Ҳамзамон бо афзоиши шумори мубталиён дар кишварҳое, ки бештарин осеб аз буҳрони коруноро мутаҳаммил шудаанд, дар системи беҳдоштии онҳо низ мушкилоти бузурге дар таъмини таҷҳизот ва маводи пизишкӣ эҷод шуда ва дар таҳияи таҷҳизоти пизишкӣ ва лавозими ҳифозатӣ монанди моск ва дасткаш ва китҳои ташхис бо мушкилоте мувоҷиҳ шуданд. 

Туркия аз оғози густариши ин беморӣ дар таъмини моск бо ҳеҷ мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуд. Созмонҳои давлатӣ ва хусусӣ моск тавлид карданд ва байни шаҳрвандон ба сурати ройгон тавзеъ шуд. Ҳамчунин 3 миллиону 615 адад моски N95 дар ихтиёри пизишкон қарор гирифт. 

Дарҳоле, ки дармони беморони COVID -19 ба сурати ройгон сурат мегирад, як миллион кити ташхиси сареъи коруно мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин тарҳи басиҷи миллии муқобила бо коруно эълом шуд ва тамоми бемористонҳои хусусӣ низ ба бемористони пандемӣ табдил шуданд. Ҳамчунин фаъолияти сохти ду бемористони ҷадид дар Истамбул низ оғоз шуд. 

Ҳамчунин дар Туркия пардохти мубтанӣ бар амалкарди кодри дармонӣ низ тайи се моҳ аз болотарин мизон сурат гирифта ва китҳои ташхиси коруно дар бисёре аз кишварҳое, ки бештарин омори ибтило ба ин бемориро доранд ба сурати ройгон сурат мегирад. Танҳо Бразилия ва Нидерланд аз шаҳрвандони ҳазина ин китҳоро дарёфт мекунанд. 

Дармони бемории COVID -19 дар тамоми ин кишварҳо ба ҷуз Нидерланд низ ройгон аст. Дарҳоле, ки Амрико бахше аз ҳазинаи дармонро бар ӯҳда мегирад, Эрон низ танҳо 10 дар сад ҳазинаро аз беморон дархост мекунад. 

Аз сӯи дигар ниёзҳо барои таъмини таҷҳизоти пизишкӣ ба ҷуз Туркия, Олмон, Чин, Русия, Канада, Нидерланд, Суис ва Португалиё идома дорад. Ба ҷуз кишварҳои Туркия, Испониё ва Итолиё тавзеъи моск ба сурати ройгон вуҷуд надорад. 

Дар ҳамин ҳол ба ҷуз кишварҳои Туркия, Олмон, Чин, Бразилиё, Суис, Португалиё ва Исроил бисёре аз кишварҳо ба вижа Амрико бо камбуди моски пизишкӣ мувоҷиҳ ҳастанд, ҳамчунин мушкили таъмини кити ташхиси коруно низ ба ҷуз кишварҳои Туркия, Амрико, Олмон, Чин, Русия, Бразилиё, Суис ва Утриш побарҷост. 

Амрико, Испониё, Англия, Чин, Белжик ва Ҳинд бо камбуди тахти бемористонӣ мувоҷиҳ ҳастанд ва 7 кишвар низ ниёз ба таҷҳизоти муроқибати вижа ва 15 кишвари дигар низ ниёз ба дору дорад. Танҳо 6 кишвар аз ҷумла Туркия барои кодри дармонӣ кӯмаки молии изофӣ медиҳад. 

Интиқоли шаҳрвандони муқими хориҷ ва ҳамбстагии байналмилалӣ 

Кишварҳо барои интиқоли шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар иқдом карданд. Туркия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки дар ин замина иқдом кард. Ҳазорон шаҳрванд аз кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ мунтақил шуда ва раванди интиқоли ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванди дигар низ бо 195 парвози вежа идома хоҳад дод. 

Дар ин росто Амрико 63 ҳазор, Испониё 24 ҳазор, Итолиё 60 ҳазор, Фаронса 148 ҳазор, Олмон 240 ҳазор, Англия 75 ҳазор, Чин 1.457 ҳазор, Белжик 6 ҳазор, Бразилиё 13 ҳазор, Русия 150 ҳазор, Канада 5 ҳазор, Нидерланд 5 ҳазор, Суис 2,7 ҳазор, Португалиё 7,5 ҳазор, Утриш 7,5ҳазор, Ҳинд 125 ҳазор ва Ирландия 250 шаҳрванди худро бозгардондаанд. 

Туркия ҳамчунин барои ҳамбстагӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар баробарӣ шуйӯъӣ COVID -19 ба 30 кишвар аз ҷумла Англия, Итолиё, Испониё ва Балкан лавозими пизишкӣ ирсол кард. 

Ба ҷуз Туркия Чин ба 120, Амрико ба 42, Ҳинд ба 31, Русия ба 10, Олмон ба 5,Суис ба 5, Англия, Ҳоналд, Португалиё ва Исроил ҳар яке аз онҳо ба як кишвар кумак ирсол кардаанд. 

Тадобири иқтисодӣ 

Туркия барои коҳиши таъсироти бӯҳрони вируси коруно бар иқтисоди кишвар дар пардохти молиёт ва вом сабукӣ эҷод кард. Ба тамоми ширкатҳое, ки аз ин буҳрон осеб дидаанд ба шарти коҳиш дар шоғилони ҳозир дар маҳалли кор аз 10 миллион то 100 миллион лири вом ироа шуд. 

Ҳамчунин 20 кишваре, ки бештарини омори ибтилоро доранд ба ҷуз Бразилиё, Суис ва Исроил дар пардохти молиёт барои бахши хусусӣ сабукӣ эҷод карданд. 

Кишварҳои Испониё, Фаронса, Олмон, Чин, Эрон, Русия, Нидерланд, Суис ва Ҳинд низ аз ироаи вом ба ширкатҳо ҳимоят карданд. 

Кумакҳои иҷтимоӣ 

Дар ин давра ҳамчунин барои кумак ба ниёзмандон иқдомоте анҷом шуд. Туркия дар ин росто  миёни ҳар хонаводаи ниёзманд ҳазор лира тавзеъ кард. Дар маҷмӯъ ба 2.1 миллион хонаводаи ниёзманд кумакрасонӣ шуд ва қарор аст дар маҷмӯъ аз 4.5 миллион хонавода ҳимоят шавад. Кишварҳои дигар низ ба ҷуз Нидерланд ва Суис барои ниёзмандон барномаҳое барои кумакрасонӣ роҳандозӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *