Рубрики Хабарҳо

Саидаминӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ барои 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Дар ин бора “Asia-Plus” бо истинод ба вакили дифоъи рӯзноманигор ба иттилоъ медиҳад.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Завқибек Саидаминӣ 7,5 соли зиндон талаб карда буд.

Пайвандони Завқибек Саидаминӣ, ки дирӯз ҳангоми ироаи сухани охири рӯзноманигор ба толори мурофиа иҷозаи вуруд пайдо карданд, гуфтаанд, ки Саидаминӣ ҳангоми суханронӣ гуфта «худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт».

Вакили дифои Завқибек Саидаминӣ дар вокуниш ба ҳукми суд гуфт, онҳо «баъд аз машварат бо зерҳимояааш, мавқеи худро маълум мекунанд ва тасмим мегиранд, ки ба зинаи болоӣ шикоят мекунанд ё не»

Мурофиаи ахири ӯ, дирӯз, 3-юми ноябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд ва бори аввал наздиконаш- модар, ҳамсар ва бародараш имкон пайдо карданд, ки дар он ширкат намоянд.

Яке аз наздикони Завқибек Саидаминӣ, ки дар мурофиа ширкат дошт гуфт, ӯ аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 7,5 соли зиндон норозигӣ кард ва эътироз намуд, ки ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ӯ ба назар гирифта нашуданд.

Ӯ гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.

Рӯзноманигор афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падлидаи номатлуб саҳмгузор бошад.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *