Ҳар сол тоҷикон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Рӯзе ки ба ҷанги шаҳрвандии 5-сола поён дод ва амнияти нисбиро ба кишвар овард. Аммо чӣ тавре ки интизор мерафт, таҷзияи қувваҳои сегона ва як кишвари демократии пешрафта ба вуҷуд наёмад. Балки баръакс, дар тули ин 21 сол бар пояи ин Созишномаи сулҳ, ки иҷрояшро СММ, САҲА, Русия ва Эрон тазмин карда буданд, қудрат дар кишвар дар дасти як гурӯҳ ва ба тадриҷ як хонавода қарор гирифт.
Акнун, пас аз гузашти 21 сол аз имзои Созишномаи сулҳ, давлате ҳоким аст, ки дар худкомагӣ ва хешовандсолории он касе шак надорад. Таҳти як чунин ҳукумате, ҷангу сулҳ ҳам таърифи дигаре дорад. Таърифе ки бо мафҳуми ҷангу сулҳи 21 сол пеш мутафовит аст.
Эмомалӣ Раҳмон тайи ин 26 сол яккатози майдони қудрат дар Тоҷикистон аст. Сарфи назар аз имзои Созишномаи сулҳ, беш аз 11 сол аст, ки расонаҳои ҳукуматӣ ИНОТ, тарафи дуюми сулҳро ҳамчун омили ҷангу бесуботӣ ва Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун асосгузори сулҳ муаррифӣ мекунанд. Дар китобҳои таърихи муосири Тоҷикистон ҳам ҳеч сухани неке аз тарафи дигари сулҳ нест. Намоиши аксу видео бо ҳузури раҳбарони мухолифини пешин дар телевизион мамнуъ аст. Дар музеими миллии кишвар, ки аз бузургтаринҳо дар паҳнои Шӯравии пешин аст, танҳо ёдоварии солҳои ҷангу оштӣ, китобҳову аксҳое аз Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд дорад.
Афзун бар ин, ду сол пеш Э. Раҳмон бо имзои як қонун раияташро муваззаф кард, ки аз он ба баъд ӯро “асосгузори истиқлолияти Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” биноманд. Ҳеч кас ҳаққи эътирозро надошт.
Растохези миллӣ ва саркуби он
Дар остонаи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, тайи солҳои 1988 то 1991 дар ҳошияи ҷанубии Империяи Шуравӣ, ҷунбиши миллии озодихоҳии тоҷикон ба суръат шакл мегирифт. Ин ҷунбиш вижагии худро дошт: Дар он истиқлолхоҳону равшанфикрони миллигаро ва исломгаро дар як сангар канори ҳам дар баробари ҳукумати коммунистӣ қарор гирифтанд.
Ҳукумати коммунистии Тоҷикистон, ки ҳамеша гуш ба фармони Маскав буд ва таҷрибаи тасмимгирии сиёсии мустақилро надошт, дар баробари амвоҷи эътирозот ҳаяҷонзада шуда буд. Тасвиби қонуни забон дар соли 1989, ки забони тоҷиконро ду бора форсӣ номид ва эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1990 таҳти фишори ҳамин неруҳо сурат гирифт.
Кору пайкори сиёсӣ ба хиёбонҳо ва майдонҳо сарезор шуд. Ду майдон “Шаҳидон” ва “Озодӣ” рубаруи ҳам қарор гирифтанд. Раҳмон Набиев, раисҷумҳури вақт, дар ҳамон айём дар миёни ҳаводорони худ дар майдони “Озодӣ” 1700 қабза автомати калашников тавзеъ кард ва амалан чархи ҷанги дохилиро ба ҳаракат даровард. Дивизияи 201-ум дар ин иқдом нақши мустақим дошт.
Авзоъ тезу тунд шуд. Фишори майдони “Шаҳидон” бар майдони “Озодӣ” сангинӣ кард ва ҳаводорони давлат пароканда шуда, ба Кулоб баргаштанд, аммо автоматҳои калашников, ки ба онҳо тақдим шуда буд.
Кашмокашҳои сиёсӣ ҳукумати “Мусолиҳаи миллӣ”-ро рӯи кор овард. Аммо ҳаводорони майдони “Озодӣ”, онҳое, ки дар орзуи баргаштани шӯравӣ буданд, онро ба расмият нашинохтанд.
Раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва шиддати ҷанг
Моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии ҶТ баргузор шуд. Дар ин иҷлосия, ҳукумати муросои миллӣ зоҳиран ба хотири барқарории сулҳу оромиш дар кишвар, аммо бо фишори Русияву Ӯзбекистон аз сари қудрат рафт ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб шуд. Дар ин иҷлосия оши оштӣ байни ду тараф ба хотири ҳифзи амну субот дода шуд ва интизор мерафт, ки ҳукумати ҷадид бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботро ба кишвар боз мегардонад. Аммо бар хилофи интизориҳо ва ормонҳои миллат, ҳукумати ҷадид бо сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон бо тиру тупи хориҷиҳо вориди Душанбе шуд ва вазъияти нобасомони вақтро ба як ҷанги дохилии тамом-айёр табдил дод. Ин нахустин аҳдшикании Эмомалӣ Раҳмон нисбати миллати худ буд.
Мутаассифона, чи Русияи Борис Елтсин ва чи Узбекистони Ислом Каримов, ки ҳар кадом як Тоҷикистони тобеъ ва заъифе дидан мехостанд, аз ҷунбишҳои миллии тоҷикон сахт нигарон буданд. Ҳамин буд, ки ин ду кишваро бо истифода аз авзоъе, ки дар Тоҷикистон падид омада буд, барои расидан ба аҳдофи худ вориди амал шуданд. Он ҳам аз роҳи низомӣ — дар канори ҳукумати Раҳмон ва бар зидди ҷунбишҳои миллӣ.
Аҳдшикании Раҳмон
Дар пайи чандин даври гуфтушунидҳо байни ҳукумат ва ИНОТ, саранҷом рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав, пойтахти Русия, паймони сулҳи тоҷикон миёни Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ ва Эмомалӣ Раҳмонов, президенти кишвар имзо шуд.
Мухолифини тоҷик ба ончи муваззаф буданд, мисли баргашти пурраи муҳоҷирин, воридшавии муҷоҳидин ба артиш ва гузоштани тамоми аслиҳаи худ ба замин ва ғайраро иҷро карданд, аммо ҳукумат бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳазоти аввали сулҳ бо баҳонаҳои зиёд уҳдадориҳои худро иҷро накард. Аз ҷумла:
- Бояд авфи саросарӣ сурат мегирифт ва ҳама зиндониёни сиёсӣ озод мешуданд, ки ин кор анҷом наёфт ва садҳо мухолифини кишвар аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то кунун дар зиндонҳои кишвар ба сар мебаранд;
- Аз 30 фоизи мақомҳои ваъдашуда дар қувваҳои иҷроия ба мухолифин, дарсади каме дода шуд. Он дарсади низ кам бо баҳонаҳои мухталиф бо мурури замон аз дасти мухолифин гирифта шуд.
- Таъмини интихоботҳои озод, ки аслан иҷро нашуд ва ҳама интихобот моломоли тақаллубу зуроварӣ буданд. То интихоботи соли 2015, ҲНИТ бо вуҷуди маҳбубияташ байни мардум ва касби аксари оро, танҳо ду курсӣ дар парлумонро соҳиб мешуд.
- Озодиҳо ба ҳеч шакл кафолат дода нашуд ва мухолифин ҳамеша мавриди фишору таъқиб қарор доштанд ва ҳукумат дар ҳама соҳаҳо яккатоз боқӣ монд.
21 соли пур аз зидду нақизҳо
Дар тули 21 сол паз аз имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, аъмоли зидду нақизи зерин дар ин кишвар мушоҳида мешавад:
- Амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон то ҳадде барқарор буда, аммо амнияти фардии ҳеч кас, ба истиснои оилаи ҳукмрон, замонат надорад ва даҳҳо мавридҳои латукуб, боздошт ва террори чеҳраҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шудааст;
- Ҳукумати Раҳмон дар ин муддат яккатоз боқӣ монд, аммо ҳаргиз аз ҷумлаи ҳукуматҳои устувору муваффақ набуд;
- Ҳукумат иддаои ҳифзи ҳуқуқи башар мекунад, аммо ҳамвора ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам шудааст;
- Қонунҳои модернӣ рӯи қоғаз вуҷуд дорад, аммо ҳеч гоҳ адолати қазоӣ вуҷуд надоштааст;
- Ҳукумат худро ҳамчун як давлати дунявӣ мешуморад, аммо бештар аз ҳар мавзуъи дигар дар умури динӣ ва ақидатии мардум дахолат кардааст;
- Агар дар соли 1992 ду сад ҳазор овора дар Афғонистон буд, акнун Тоҷикистон наздик ба ду миллион нафар муҳоҷири корӣ дорад. Танҳо дар соли 2010 беш аз 210 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро касб кардаанд;
- Агар аз солҳои навадум то 2015 тоҷикон ба Русия муҳоҷират мекарданд, аз соли 2015 ба Аврупо ҳиҷрат мекунанд;
- Тоҷикистон дар масъалаи ҳаққи музд дар пойинтарин ҷойгоҳ дар листи кишварҳои собиқ Шуравӣ, аммо дар масъалаи нарху навои бозор дар болотарин радда қарор дорад;
- Агар дар замони имзои Созишномаи сулҳ, ҳеч хешованди Эмомалӣ Раҳмон расман дар мансабҳои баланд набуд, ҳоло сар аз парлумону дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва вазоратхонаҳо то қудратҳои пушти дар дасти фарзандон ва наздикони Раҳмон қарор гирифтаанд.
Аҳдшикании дуюми Эмомалӣ Раҳмон
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм аҳдшиканӣ кард. Бо ташкили ҳаводиси хунуни сентябрӣ на танҳо ҲНИТ-ро мунҳал ва террористӣ эълон кард, балки даҳҳо фаъоли сиёсиро ба зиндон фиристод ва кишварро ба як буҳрон ва бунбасти сиёсӣ рубару сохт.
“Эмомалӣ Раҳмон бо бастани ҳизб ва боздошту саркуби фаъолони сиёсӣ охирин тирро бар бадани заъифи сулҳу ваҳдати миллӣ андохт ва бо ҳамин Созишномаи сулҳу Ваҳдат, ки як вақт барои ҷаҳониён як намунаи хуби сулҳофаринӣ ёд мешуд, аз тарафи ҳукумат пурра шикаста шуд”. — гуфта буд Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар як мусоҳибааш.
Шикастани сулҳу ваҳдати миллӣ дар як шабонарӯз анҷом наёфтааст, балки решаҳои он ба мобаъди интихоботи парлумонии 2010 ва ҷаласаи маҳрамонаи Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои таъсиргузор, ки ба Протоколи 32-20 машҳур аст, бармегардад. Иҷлоси махфӣ ва “Протоколи 32-20” нияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саркуби мухолифини мусолиматомези худро ба таври ошкор нишон дод. Пас аз ин, фишорҳо ба мухолифин, рӯзноманигорон, фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ва зиёиён, бахусус ҲНИТ — умдатарин ҳизби мухолифи кишвар ба таври чашмгир шиддат ёфтанд.
Омодагии ҳукумат ба бастани ҲНИТ
Ҳама амалҳо ва таблиғоти ҳукумат аз соли 2011 то 2015 ҳокӣ аз он буд, ки Эмомалӣ Раҳмон аллакай тасмими манъи фаъолияти ҲНИТ-ро иттихоз кардааст, танҳо масъала масъалаи вақт аст.
Миёнаи моҳи сентябри соли 2015, даҳҳо масъули аршади Ҳизби наҳзати исломӣ боздошт шуданд ва каме баъдтар ҲНИТ фаъолияташ мамнуъ гашт ва созмони террористӣ эълон шуд. Иқдоме, ки на танҳо аз тарафи кишварҳову созмонҳои байналмилалии зомини сулҳ, мисли СММ, САҲА, Русия, Эрон ва ғайра ҳимоят нашуд, балки аз тарафи бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ин иқдоми ҳукуматро маҳкум карда, онро дорои ангезаи сиёсӣ номиданд. Дар 26 соли ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон 2015 ва 2016 сахттарин солҳо барояш буданд. Дар ин ду сол пас аз манъи фаъолияти ҲНИТ садҳо баёнияҳои интиқодӣ ва маҳкумкунанда дарёфт кард ва равобиташ бо чандин кишварҳову созмонҳо сард гашт.
Суолҳои беҷавоби саркуби 2015
Суолҳое дар мавриди ҲНИТ вуҷуд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматдорон аз шуниданашон мегурезанд:
- Агар чуноне ки ҳукумат иддао дорад, аъзои аршади ҲНИТ террорист ҳастанд, чаро маҳкамаҳои онҳо пушти дарҳои баста баргузор гашт?
- Чаро адвокатҳои онҳо, аз ҷумла Бузургмеҳро Ёрову Нуриддин Маҳкамов зиндонӣ ва дигар адвокатҳо таҳдид шуданд?
- Ҳукумат иддао мекунад, ки ҲНИТ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамкорӣ дошт. Он чӣ гуна ҳамкорӣ будааст, ки аъзои Раёсати олии ҳизб дар он рӯзҳо чандин бор ҷаласа ва нишасти матбуотӣ баргузор карданд ва бо интишори баёния ҳар гуна бесубот кардани кишварро маҳкум карданд?
- Чаро ҳукми ниҳоии додгоҳ нисбати 13 фаъоли наҳзатиро махфӣ доштанд ва вақте ки ин ҳукм дар расонаҳо роҳ ёфт, дар пайи ҷазо додани омилони расонаӣ шудани ин ҳукм шуданд?
- Агар ҳукумат далелу шоҳид дошт, чаро дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо вуҷуди кушишҳои пайдарпайи ҳукумат ҷиҳати террористӣ эълон кардани ҲНИТ ин иқдоми ҳукуматро на танҳо қабул накарданд, балки маҳкум карданд ва онро дорои ангезаи сиёсӣ донистанд?
- Таблиғоти шадид ҳукумат алайҳи ҲНИТ қабл аз манъи фаъолияти он ва даъват ба бастани ин ҳизб чӣ маъно дорад? Оё ин иддаои ҳукуматро машкук намекунад?
Марҳилаи Тоза
Пас аз манъи фаъолияти ҲНИТ, ҳам ҳукумат ва ҳам бархе доираҳои манфиатдор фикр мекарданд, ки ҲНИТ пас аз ин саркубии шадид дуюмбора ба худ нахоҳад омад ва ҳамин тавр ҷузъе аз таърих хоҳад шуд. Аммо бар хилофи таваққуъу интизори Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумат, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои мухолиф худро бозсозӣ карданд ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон баргаштанд.
Зуҳури муҷаддади Ҳизби наҳзати исломӣ ва гурӯҳҳои мухолифи дигар дар хориҷ аз кишвар ҳукуматдорон, аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмонро шигифтзада ва асабонӣ кард.
Фаъолияти мухолифин дар хориҷ ва асабонияти Эмомалӣ Раҳмон
Агар Эмомалӣ Раҳмон дар тули фаъолияти ҲНИТ дар дохили кишвар, танҳо ишораҳое дар бораи он дар суханрониҳояш мекард, ҳоло тақрибан дар ҳама баромадҳояш на танҳо аз фаъолияти мухолифини тоҷик дар хориҷ интиқод мекунад, балки ба таври муболиғаомез иттиҳомоти беасосро ба онҳо мечаспонад. Ин амалаш далолат ба асабонии шадиди ӯ аз вазъияти дохилӣ ва фишорҳои хориҷӣ мекунад.
Барои мисол чанд омиле, ки раисҷумҳури Тоҷикитсонро асабонӣ кардааст:
Наметавонад ҷадвали сафарҳояш ба кишварҳои хориҷиро эълон намояд. Чун аз эътирозот бар зиддаш дар кишварҳои дигар метарсад.
Дар се соли ахир равобиташ бо кишварҳову созмонҳои мухталиф тира гаштааст.
Вазъияти иқтисодии кишвар ба таври бесобиқа бад шудааст.
Ба вазири амниятиаш ворид шудан ба листи сиёҳи Магнитский таҳдид мекунаду СММ, бонуфузтарин ниҳоди байналмилалӣ аз ҳукумат талаб мекунад, ки дар муддати 6 моҳ Маҳмадалӣ Ҳаит ҳам озод шавад ва ҳам хасоратҳояш ҷуброн шаванд.
Ояндаи кишвар
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзат эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи Тоҷикистон ҷойе нахоҳад дошт.
Воқеан, чаро касе ки ду бор бар миллаташ хиёнат кардааст, ҷойе дар ояндаи кишвар дошта бошад?
Аз ВВС-и форсӣ ва дигар манобеъ истифода шуд