Рубрики Хабарҳо

ТАлКо пурра ба гази табиии Ӯзбекистон гузаштааст

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАлКо) фаъолияти худро пурра бо гази табиии воридшаванда аз Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Қаблан ин ширкат ба ангишти ватанӣ гузашта технологияи истеҳсолро ҳам иваз карда буд.

Бо оғози воридоти гази табиии Ӯзбекистон, корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тадриҷан ба истифодаи он мегузаранд. Ҳоло ТАлКо бузургтарин истифодабарандаи гази Ӯзбекистон аст, ки 80 дарсади воридоти он ба ин корхона меравад. Дар ин бора дирӯз, 16 июл Шавкат Шоимов, муовини аввали раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ҷуз ТАлКо боз 12 корхонаи дигар аз гази табиӣ истифода мебаранд ва тадриҷан шумори онҳо бештар мешавад. «То ба имрӯз чаҳор ноҳияи вилояти Суғд аз гази табии Узбекистон истифода мекунанд. Қубури интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон то ба шаҳри Душанбе расонида шуда, дар тирамоҳи имсол маркази гармидиҳиву барқии «Душанбе-1″ аз ин маводи сӯхтӣ истифода мекунад» — гуфт Шавкат Шоимзода.

ТАлКо дар ҳоле ба гази табиӣ гузаштааст, ки панҷ сол қабл бинобар қатъи воридоти он ба истифодаи ангишт гузашта буд. Он замон ширкат ба истеҳсоли газ аз ангишт шурӯъ намуда, технологияи истеҳсол ҳам иваз ва маблағгузорӣ сурат гирифта буд. Барои таъмини истеҳсоли алюминий бо сӯзишворӣ ТАлКо дар кони ангишти «Фон Яғноб» дар ноҳияи Айнӣ ду кон гирифта ба истеҳсоли ангишт шурӯъ карда буд.  

Дар бораи нархи газ Шоимзода ҳарфи аниқе нагуфт, аммо тибқи як созишнома аз моҳи март, имсол Тоҷикистон аз Узбекистон тахминан 126 миллион метри мураббаъ гази табииро бо арзиши беш аз 15 миллион доллар харидорӣ мекунад. Тибқи иттилои манобеи гуногун, ҳар ҳазор метри кубӣ гази Узбекистон 120 доллар харидорӣ мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *