Дар ҳоле, ки Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия дирӯз бо низомиёни руси пойгоҳи 201-ум гуфтугӯ дошт, вазири дохилаи ин кишвар Владимир Колоколтсев бо вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар суғд дидор кардааст. Гуфта мешавда муҳоҷират ва мушкилоти он яке аз масъалаҳое, буд ки зимни ин дидор баррасӣ гардидааст.
Тафсилоти баррасии мавзӯи муҳоҷират ва мушкилоти он ироа нагардидааст. , ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир аз қабили терроризму эктремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвари дӯст барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои оперативӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд.
“Намояндагони масъули Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар зимни суханрониашон аз таъсиси чунин мушовараи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мушовараҳоро дар наздик намудани муносибатҳои пайвандӣ ва кории ду кишвар арзёбӣ намуданд”, — таъкид мешавад дар хабари сомонаи ВКД.
Пас аз анҷоми ҷаласа, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар чанд созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида, барои гуруҳе аз журналистон нишастӣ хабарӣ ташкил кардаанд.
Имрӯз вазири хориҷаи Русия бо ҳамтои тоҷикаш ва раисҷумҳури Тоҷикистон дидор кард. Аз барномаи вазири дохилаи Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз иттилоъе дар даст нест.