Рубрики Хабарҳо

ШУҶОЪАТ —МАЪРИФАТ АСТ

… Афкору аъмоли нухбагон метавонад дастури неке шавад ва ҷавононро ба гулшани саъодат ва пиронро ба фирдавси хаққ раҳнамун созад ва ё метавонад заҳре гардад, ки вуҷуди ҳамаи афроди ҷомеаро, бо тару хушк ба сиёҳчолаи фоҷиъаҳову нобудии тақдир афканад!

*******
Сахтарин гуноҳи равшанфикрон низ тарс аст. Иддае аз донишмандон ва зиёиён аз тарс шабеҳи бум шудаанд, яъне муҳити тор барояшон беҳ аз фазои нур аст: чашмонашон дар тирашаб бозу бино аст ва дар пеши нур кӯру нобино. Онон дар иншои мадҳу ёвагӯӣ пешвоанду дар ифшои адлу хақиқат расво.

*******
… Бадбахтӣ аст, ки агар чомеъа паёмоварони хақиқатро нашносад, вале аз кӯрони рӯшанӣ барои хеш паёмбароне бисозад!

*******
Оё медонем, ки тарс душмани хирад аст? Агар медонистем, ки он бузургтарин гуноҳ аст, ҳаргиз номи мардони шуҷоъро аз ёд намебурдем ва агар медонистем, ки шуҷоъат ҳам ҷавонмардист, ҳамеша ойини ҷавонмардиро пос медоштем.

*******

Тарс шахсиятро бандаи нодонӣ менамояд. Агар бихоҳем, ки мардум шуҷоъатро бишносанд, бояд бештар аз тарсашон бигӯем.

*******

…. Шуҷоъат аз барӯмандтарин маърифати шахсиятсозии инсонҳост. … Моя ва пояи шуҷоъат доноӣ аст ва шуҷоъати ғайри ақлонӣ навъе аз тарс ва шояд бадтарин тарс бошад.

*******
Ҳамаи мардони шуҷоъ дорои ахлоқи ҳамидаву накӯанд. Онон медонанд, ки адами ахлоқи нек бузургтарин нақси маърифати инсонист.

*******

Рӯҳи афроди шуҷоъ ҳамеша дар ҳоли тафаккур аст ва барои фардо меандешад, бо ҳол асту дар фикри хеш хастанопазир ва амалашро дар доираи замону макон ба хубӣ анҷом месозад. Пас, дар воқеъ, доно аст.

*******

… Доноӣ рӯҳи шуҷоъат аст. … Хирадаш фаъолтар аз аъмолаш аст. Вай медонад, ки пойдорӣ бояд аз рўи фаҳм сурат бигирад, вагарна истиқомати ғайри ақлонӣ пешгуфтори китоби ҳамаи шикастҳост.

*******

Мардони шуҷоъ хамеша ба хақиқат рӯ ба рӯанд. Онҳо медонанд, ки шуҷоъат на танҳо пойдорӣ ва истиқомати рӯҳ аст, балки бистари тақвияти ҳамаи арзишҳои инсонист. Хамаи арзишҳои инсонӣ: некиву бадиҳо, муҳаббату садоқат ва ғ., ки дар ниҳоди худи инсон нуҳуфтаанд, бидуни шуҷоъат нақс аст.

*******

Қурбонии ормонҳои хеш шудан ҳам навъе аз шуҷоъат аст ва ҳар кас ҳам қодир нест, ки зиндагиашро фидои ормонҳои хеш бикунад, чун сарсупурдагӣ ирода мехоҳад ва ирода ниёзманди қудрат асту қудрат ҳам бидуни рӯҳи озодихоҳ нотавон аст.

*******

Ҷомеае, ки фоқиди рӯҳи озодипараст ва мардони шуҷоъ аст, мисли ҷасади зиндаест, ки дар тобути таърихи башарият қарор дорад. Фақат рӯҳи озодихоҳ метавонад озод гардад ва ба танҳо ӯст, ки ба коми худ озод аст. Ин рӯхи озодихоҳ аст, ки ба хотири маънавӣ кардани зиндагии ҷомеъааш дар такопўй аст ва ҳушёрии мардум низ баста ба аъмоли рӯхҳои озодихоҳ аст!

*******

Рўхи инсонҳои шуҷоъ аст, ки таслим намешавад ва дар баробари ҳама гуна хатарҳо ва беадолатиҳо хешро пойдор нигаҳ медорад ва ҳаргиз аз роҳи инсонӣ бадар намеравад. Он чизеро, ки бояд аз сидқ эҳтиром кард, фазилати шуҷоъат ва ойини ҷавонмардӣ аст!

Луқмон Бойматов. Шуҷоъат — маърифат аст.//Кӯҳи ғурур. Маҷмӯаи мақолаҳо. — Душанбе, 2012, — С. 185-187

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *