Сооронбей Ҷээнбеков Раис ҷумҳури Қирғизистон дар таърихи 1 то 2 феврали соли ҷорӣ ба Душанбе сафар мекунад.Дар ин сафар қарор аст Ҷээнбеков бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва гуфтугӯ намояд ва масоили мухталиферо мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи иқтисодӣ, тиҷорат, амният, энергетика, ҳамлу нақл ва тавсеаи проектҳои минтақавӣ ба сурати дуҷониба ва дар чорчӯби созмонҳои байналамилалӣ монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи ҳамсуд, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад.
Таъйин ва аломатгузории марзҳо, тавсеаи проекти КАСА-1000, тавсеаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона аз ҷумла мавзӯъоти аслии музокироти сарони ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад буд.
Қирғизистон робитаи нисбатан хубе бо Тоҷикистон дорад. Аммо ихтилофоти марзӣ байни ду кишвар борҳо боиси бурузи нооромиҳо дар марзи ду кишвар шудааст, ки аксаран бо гузашти тарафи Тоҷикистон вазъ ором гаштааст. Аммо ин ихтилофот то ҳол вуҷуд доранд ва маълум нест дар ин дидор ин мушкил ба таври комил ҳал хоҳад шуд ё на.
Ин аввалин боздиди як раисҷумҳури хориҷӣ аз Тоҷикистон дар соли нави 2018 ва нахустин сафари Президенти нави Қирғизистон ба Тоҷикистон мебошад.