Categories Хабарҳо

Фоҷеъае, ки алайҳи Раҳмон тамом мешавад

Ҳамзаи чаҳорсола аз дарди ҷонкоҳ ба худ мепечад, аммо дар ҳошияи он сиёсатмадорони воломақоми тоҷик ба бозие бо номи “қудрат” машғуланд.

Беморие дар ҳошияи Тravelban

Падари Ҳамза ҳанӯз соли 2015 оҷилан Тоҷикистонро тарк карда  буд — ӯро бидуни ҳеҷ тафтишоту додгоҳ террорист эълон карданд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷҷатҳои шахсии модари Ҳамза — Мижгона Зайниддиноваро мусодира намуданд. Ба ӯ на танҳо хориҷ шудан аз кишвар, балки баромадан аз хона, зиёрати ақрабо, доштани телефон ва алоқа бо берунро манъ гардид.

Баъди як сол вазъи саломатии Ҳамза рӯ ба бадшавӣ овард. Вале ӯ наметавонист ба ташхиси саривақтӣ умед бандад, чун як хоби даҳшатнок. Камтарин кӯшиши бидуни иҷозаи мақомоти амниятӣ тарк кардани манзил метавонад чун кӯшиши фирор талаққӣ ва сабаби барои чанд сол паси панҷара қарор гирифтан гардад.

Мижгона ҷуз Ҳамза ду кӯдаки хурди дигар дорад ва зиндонӣ шуданаш ба маънии дар кӯча мондани кӯдаконаш аст.

Вале организми Ҳамза аз шароити феълии Тоҷикистон хабар надорад, бинобар ин бемориаш рӯз то рӯз бештар рушд мекард. Моҳи феврали соли 2017 шубҳаҳое пайдо шуданд, ки Ҳамза гирифтори саратон шудааст.

Вақте дар бораи бемории Ҳамза дар берун аз кишвар ҳарф заданд, мақомоти амниятӣ худсарона ӯро ба шӯъбаи бачагонаи бахши 9-уми Маркази миллии тиббӣ бурданд. Табибони ғайритахассусӣ ӯро ҷарроҳӣ карданд, аммо на саратоне, ки ташхис нишон дод, балки кистро. Мақомоти амниятӣ натиҷаи ташхисро пинҳон доштанд.  

Ташхиси гузоштаи табибон — саратони ҷанин ба омма рӯзи 21 июл маълум шуд. Аксҳо нишон медиҳанд, ки тухмдони кӯдак варам кардааст. Табибони тоҷик дигар имкони кӯмак карданро надоранд.

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин ҳодиса бо имзои дархост барои иҷозат додани табобати кӯдак дар хориҷ вокуниш нишон дод. То замони нашри ин мақола онро наздик ба 30000 нафар имзо карданд.

Рӯзи душанбе Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эълон кард, ки барои берун рафтани Мижгонаву кӯдаконаш монеъае вуҷуд надорад. Яъне “мо ин ҷо дахле надорем”. Вале шиносномаҳои онҳоро барнагардонданд. Набудани шиноснома худаш  travelban аст.

Озодии амрикоӣ дар хидмати КДАМ-и Тоҷикистон

Мантиқи хомӯшии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар қазияи Ҳамза маълум аст. Тибқи қонунҳои кишвар нашри маълумот метавонист чун ҳамкорӣ бо террористон талаққӣ шавад ва боиси баста шудани нашрияву зиндони гардидани масъулинаш бошад. Ҳарчанд ин кӯдак чӣ бастагие бо терроризм дорад, маълум нест.  

Ягонаи расонаи фаъол Радиои Озодӣ буд, ки аз тарафи Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад. Ин радио ҳамкориаш бо мақомоти амниятии Тоҷикистонро борҳо ба намоиш гузоштааст.

Онҳо ба деҳаи Мижгона рафтанд, бо ӯ сӯҳбат карданд ва аз вазъи саломатии кӯдак итило доданд. Навори нашркардаи онҳо эҳсосотӣ буд. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки бидуни ашк нигоҳ кардан ба модар ва кӯдаки ранҷкашида имкон надорад.

Аммо дертар ба Паём маълум шуд, ки ин навор бо супориши мақомоти амниятӣ сабт шудааст. То барои муддате ҷомеъа таскин дода шавад. Мижгона дар мусоҳиба мегӯяд ҳуҷҷатҳояш баъди омадани “онҳо” ба хонааш ва тафтиши хона ғайб задааст ва акнун амниятиҳо ваъда додаанд барои дуруст кардани онҳо кӯмак кунанд.  

Аммо новобаста аз ин ки варами тухмдони Ҳамза бо шиддат бузург мешавад, касе дар фикри кӯмак нест. Гузашта аз ин, ба Паём маълум шуд, ки дирӯз мақомоти амниятӣ ба назди Ҳамза рафтаанд, вале на барои баргардонидан ё кӯмаки гирифтани ҳуҷҷатҳо. Онҳо дар ҷустуҷӯи нафаре буданд, ки ин акси нави Ҳамзаро гирифта, ба наздиконаш дар хориҷ фиристодааст.  

Онҳо гуфтаанд, ки “Пешвои миллат” аз қазия огоҳ аст ва дар бораи чӣ гуна кӯмак расонидан ба Ҳамза фикр мекунад. Ва дарҳол суол кардаанд, ки “агар ҳуҷҷатҳоро баргардонем ба куҷо меравед?” Ин аз он дарак медиҳад, ки кормандони Кумитаи амнияти миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷомеъа ба ин хулоса расад, ки на маоқомоти амниятиву пулису додситонӣ, балки худи Эмомалӣ Раҳмон фиристодани кӯдак ба хориҷро қасдан ба таъхир меандозад. Яъне “мо шуморо дарк мекунем, вале қарорро ӯ қабул мекунад”.

Чаро марги Ҳамза ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон нест?

Мутаассифона, Ҳамза қурбонии бозии бузурги сиёсӣ гаштааст. Ин тифли маъсумро барои нуқтаи таммат гузоштан ба баҳси кланҳои Данғараву Фархор, баҳси байни Саймӯъмин Ятимов, ки мехоҳад ҷои Эмомалӣ Раҳмонро бигирад ва худи Раҳмон, истифода мебаранд. Ятимов ҳарфи худашро гуфт: “ҳуҷҷатҳо дасти мо нестанд, ӯ метавонад дар дилхоҳ вақт кишварро тарк кунад. Додани ҳуҷҷатҳои навро бошад дар дасти мо нест”.     

Тӯб инак дар майдони Эмомалӣ раҳмон аст. Ӯ ҳам метавонад гӯяд ҳуҷҷатҳоро нагирифтааст. Аммо наметавонад гӯяд, ки навашро дода наметавонад. Ӯ, агар хост, метавонад.

Хулоса мебарояд, ки маҳз ӯ сиҳат шудани Ҳамзаро намехоҳад. Оё воқеъан чунин аст? Вақт нишон хоҳад дод.

Феълан Ятимов раисҷумҳурро ғофилгир кардааст ва ҳаракоташро муваффақона анҷом медиҳад. Одамони ӯ ба модари кӯдак мегӯянд “ҳоло ки дар “боло” фикр карда истодаанд, бе иҷозат ягон кор кардан хуб нест, ин метавонад вазъро печидатар кунад. Мо ба зудӣ ҳуҷҷатҳоро бармегардонем ё навашро медиҳем”.

Тибқи нақшаи Ятимов бояд  дар мардум ин андеша шакл гирад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз тасмим нагирифтааст кӯдакро раҳо кунад. Бо ҳар ҳаракати худ, ӯ ин андешаро тақвият медиҳад. Тибқи ин нақша дар ҳар ҳолате раисҷумҳур бозиро мебозад: агар Ҳамзаро раҳо кунад, пас зери фишори ҷомеъа рафтааст, агар раҳо накунад кӯдаккуш аст. Раҳмон аз ҳодиса хабар дорад ва гӯё онро назорат мекунад. Вале ин танҳо шабаҳ аст. Ӯ бо дасти амниятиҳо дар бунбаст қарор гирифтааст.

Кӯдак усули таҷрибашудаи инқилоб аст. Ҷанги хунбори Сурия ҳам аз ҳамин оғоз шуд. Онҷо мақомоти амниятӣ 15 кӯдакро нобуд карданд ва волидони онҳо ба кӯча рехтанд. Сипас тазоҳурот дар тамоми кишвар паҳн шуд.   

Ба хотири кӯдакон дар Ливану Укроин ҳам ҷангиданд. Ҳатто сабабаи инқилоб дар Арманистон ҳам кӯдакон гаштанд. Наврасони тазоҳургар аз паи худ волидонашонро ба майдон кашиданд. Чун ҳеҷ модаре наметавонад ором бошад, замоне ки фарзандаш зери мили силоҳ қарор дорад. Арманиҳо бо ҳамин роҳ ба инқилоб расиданд.

Ҳоло Ятимов мехоҳад фоҷеъаи Ҳамзаро барои сиёҳ кардани Эмомалӣ Раҳмон назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ истифода кунад. Дар сурати фоҷеъа Эмомалӣ Раҳмон дигар танҳо дузду хоин на, қотил ҳам хоҳад шуд. Қотили кӯдак.

Тибқи мусоҳибаи Мижгона, ки бо талқини мақомоти амниятӣ баргузор шуд, Хадамоти марзбонӣ ҳозиранд барои берун рафтани Ҳамза кӯмак кунанд, аммо… чизе ё касе монеъа эҷод кардааст. Мақомоти амниятӣ мехоҳанд гӯянд, ки “зиддӣ рафтани кӯдак ба хориҷ нестем, аммо боло иҷоза намедиҳад”. “Боло” бошад дар мо якест — Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳур хомӯш аст ва чунон нишон медиҳад, ки аз қазия огоҳ нест. Албатта касе ба ин бовар надорад ва дуруст ҳам мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён аст. Вале вақт на танҳо алайҳи Ҳамза, балки алайҳи худи раисҷумҳур ҳам кор мекунад. Мақомоти амниятӣ бошанд қазияро тӯлонӣ хоҳанд кард. Бо баҳонаи тайёр набудани Мижгона, ҳуҷҷатҳо ва бепарвоии… Эмомалӣ Раҳмон.

Ва ин дар умум поёни кӯдакро наздик мекунад. Ва на танҳо кӯдакро…

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *