Бузургтарин маҷмӯъаи мунтақиди давлати Афғонистон мавсум ба “Эътилофи бузурги миллӣ”, муташаккил аз ҳашт ҳизбу гурӯҳи сиёсӣ имрӯз, 26 июл дар Кобул эъломи мавҷудият кард.
Аҳзоб “Ҷунбиши миллӣ” ба риёсати ҷенерол Абдуррашид Дӯстум, “Ҷамъияти исломӣ” ба раҳбарии Салоҳуддин Раббонӣ, “Ҳизби ваҳдати исломии мардум” ба риёсати Муҳаммад Муҳаққиқ, “Ҷабҳаи навин ба раҳбарии Анворулҳақ Аҳадӣ, Раҳматуллоҳ Набил аз аъзои ҳизби “Меҳвари мардум Афғонистон” ва шумори дигаре аз ҷараёнҳои сиёсӣ ва намояндагони Маҷлис имрӯз дар Кобул ташкили «Эътилофи бузурги миллӣ»-ро эълом карданд.
Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии ҳизб Ҷамъияти исломии Афғонистон дар маросими эъломи ташкили эътилофи мазкур бо интиқод аз “бебарномагӣ, рӯйкарди истибдодӣ ва заъфи мудирияти Давлати ваҳдати миллӣ гуфт: Саркӯби афроди саршинос, раҳоии ҷинояткорон зер номи раванди сулҳи бесамар кишварро ба партгоҳ кашонида ва қонунро бо пурсиш мувоҷиҳ сохтааст.
Ато Муҳаммад Нут тасреҳ кард: суъистифода аз нерӯҳои вежа ва артиш барои аҳдофи шахсӣ, манофеъи миллиро ба хатар андохтааст. Дар гуфтугӯ бо бузургон ва сиёсатмадорон ба ин натиҷа расидем, ки Эътилофи миллии бузурги Афғонистон, барои пирӯзӣ дар интихобот ширкат кунад.
Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дуввуми риёсати иҷроӣ ва раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардум Афғонистон низ дар ин ҳамоиш тасреҳ кард: дар чаҳор даҳаи гузашта аҳзоби сиёсӣ ҳомии ҳукумат буда ва илова бар ҷанг дар таҳаққуқи демокросӣ низ саҳм доштаанд. Агар тарҳи онҳо ба унвони зомини интихоботи шаффоф тавассути давлат пазируфта нашавад, эътилофи ҷадид ба иқдомоти маданӣ ва сулҳҷуёна даст хоҳад зад.
Анворулҳақ Аҳадӣ, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ низ гуфт: мардум ба сутӯҳ омада ва хоҳони ҳуқуқи худ ҳастанд. Амният, мубориза бо фасод ва сулҳ хости мардум ва масъулияти эътилофи бузурги миллии Афғонистон аст ва он ба беҳтарин шакл масъулияташро адо мекунад.