Рубрики Хабарҳо

Сояи таҳрим бар тиҷорати 20 миллиарддолларии Туркия ва Амрико

Раисҷумҳури Амрико дар ҳоле Туркияро таҳдид ба эъмоли таҳрим кард, ки ду кишвар дорои ҳаҷми тиҷоратии муодили 20 миллиард доллар ҳастанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бинобар боздошти як мубаллиғи динии амрикоӣ дар Туркия бо иттиҳоми равобит бо гурӯҳҳое, ки дар ин кишвар террористӣ эълон шудаанд, таҳдиди таҳрим алайҳи Туркия кард. Дар ҳоле, ки ду кишвар дорои равобите қадимӣ бо ҳаҷми тиҷоратии баробар бо 20 миллиард доллар мебошанд.

Содироти Туркия ба ИМА тайи панҷ моҳаи нахусти соли ҷорӣ 3.2 миллиард доллар ва воридот аз Амрико низ 5.1 миллиард будааст.

Муҳаммад Алӣ Ёлчиндоғ, раиси комиссиюни ҳамкории Туркия ва Амрико дар Бунёди равобити иқтисоди хориҷӣ (DEIK) дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ин  бора изҳор дошт: набояд таҳрим роҳҳал ба унвони ҳали мушкилот миёни кишварҳои дӯст ва муттаҳид матраҳ шавад. Мушкилот на бо таҳдид, балки бояд бо гуфтугӯ ҳалу фасл шаванд.

Гуфтанист додгоҳе дар Измири Туркия рӯзи чаҳоршанбе ҳукми боздошти Эндрю Бренсон, кашиш ва мубалллиғи амрикоиро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ФЕТО ва ПКК ва ҷосусӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Ҳабси хонагӣ ба далели вазъи бади саломатии кашиш интихоб шудааст.  

Бренсон дар декабри соли 2016 дастгир ва дар «ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористии ПКК ва ФЕТО дар пӯшиши анҷоми фаъолиятҳои динӣ» муттаҳам шуд.

Бренсон ҳамчунин ба иртибот ҷиҳати таъйини стратегия бо аъзои радаи болои фирқаи ФЕТО ва дидор бо раиси дафтари Созмони афви байналмилил дар Туркия, ки ба иттиҳоми «узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ» дар боздошт ба сар мебарад, муттаҳам шудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дирӯз дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Иёлоти муттаҳида ба далели боздошти тӯлонии Эндрю Бренсон, ки як масеҳии бузург, марди хонавода ва инсони фавқулъода аст таҳримҳои густурдаеро алайҳи Туркия эъмол мекунад. Ин марди боимон ва бегуноҳ бояд фавран озод шавад.

Дар посух мақомоти Туркия эълон карданд, ин кишвар ҳеҷ таҳдидеро нахоҳад пазируфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *