Рубрики Хабарҳо

Чин ҳамзамон бо фурӯши нафти арзон аз сӯи Русия, харид аз Эронро коҳиш дод

Арзёбиҳои ширкатҳое, ки содироту воридоти нафти кишварҳоро расад мекунанд, нишон медиҳанд, ки содироти нафти Эрон ба Чин дар моҳи апрел ва ҳамзмон бо афзоиши фурӯши нафти Русия ба Пекин бо қимати поинтар, коҳиш ёфтааст. 

Яке аз далоили ин иттифоқ, коҳиши тақозо аз сӯи полоишгоҳҳои мустақили Чин, ки харидорони аслии нафти Эрон ҳастанд, унвон шудааст. Нафти Эрон ҳудуд 7 дарсад воридоти Чинро, ки бузургтарин воридкунандаи нафти хом дар ҷаҳон аст ташкил медиҳад. 

Тибқи гузориши Рейтерз коҳиши хариди нафт аз Эрон тавассути Чин дар ҳоле рух додааст, ки бархе аз дипломатҳои ғарбӣ то ҳадди зиёде умеди худро барои эҳёи тавофуқи ҳастаии 2015 аз даст додаанд. 

Эҳёи Барҷом ба Эрон иҷоза медиҳад то фурӯши нафти худро фаротар аз Чин ба муштариёни пешинаш, Кореяи ҷанубӣ ва Аврупо густариш диҳад. Пекин дар ду соли гузашта бузургтарин муштарии нафти Эрон будааст. 

Аз сӯи дигар баъд аз эъмоли таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ба далели ҳамлаи низомии ин кишвар ба Укроин, содироти нафти Русия ба Чин афзоиш ёфтааст. 

Арзёбиҳои аввалия нишон медиҳанд, ки Чин дар моҳи апрел наздик ба 650 ҳазор бушка дар рӯз нафти хом аз Эрон ворид карда, ки андаке камтар аз ҳудуди 700 ҳазор бушка дар рӯз дар моҳи март аст. 

Ширкат “Кеплер”, яке дигар аз ширкатҳои радёбии нафткашҳо ҳам содироти нафти Эрон дар моҳи апрелро 575 ҳазор бушка дар рӯз эълом кард, ки аз миёнгини 840 ҳазор бушка дар рӯз дар се моҳаи аввали соли 2022 камтар аст. 

Ин дар ҳолест, ки бар асоси оморҳои ироашуда, фурӯши нафти Эрон ба Чин дар авохири соли 2021 ва авоили соли 2022 ба авҷи худ расида буд. 

Аммо арзёбиҳои “Рефинитио” нишон медиҳанд, ки содироти нафти Русия ба Чин дар моҳи апрел бо афзоиши 16 дарсадӣ нисбат ба моҳи март, ба ҳудуди 860 ҳазор бушка дар рӯз расида, ки болотарин рақам аз декабри гузашта аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *